МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Барои дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагардидан чӣ бояд кард?

Июнь 29, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 1 июл даври асосии Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) барои довталабони дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда баргузор мегардад.

Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мегардад.

Ба довталаб тавсия дода мешавад, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати пешниҳодгардида огоҳ ва бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.

Довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ҳозир шавад.

Барои бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо, пеш аз ҳама довталабон бояд ҳаяҷонро аз худ дур созанд. Барои дур кардани ҳаяҷон, пеш аз имтиҳон хуб омода шуда, истироҳат намоянд. Барои бартараф кардани ҳаяҷон сайру гашт кардан дар ҳавои тоза, истироҳат дар ҷойи ором, машқҳои сабук ва гӯш кардани мусиқии ором тавсия мешавад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, 1 июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд, ки он дар 47 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Июнь 29, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд