Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байнлалмилалии иқтисодии Санкт-Петербург иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 18-21 июни соли равон дар шаҳри Санкт-Петурбурги Федератсияи Русия Форуми байнлалмилалии иқтисодии Санкт-Петербург (ПМЭФ – 2025) баргузор гардид, ки дар он намояндагони сохторҳои давлатӣ, соҳибкорону молистеҳсолкунандагон, донишмандону олимон ва иқтисодчиён аз 144 кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
18 июн дар доираи форуми мазкур дар мавзуи «Моликияти зеҳнӣ дар сохтори иқтисоди инноватсионӣ» ҷаласаи пленарӣ баргузор шуд, ки дар он директори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода иштирок намуд.
Иброз гардид, ки дар натиҷаи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат моликияти зеҳнӣ дар бахши соҳибкорӣ мавқеи худро баланд бардошта, самти татбиқи натиҷаҳои корҳои эҷодӣ ва истифодаи брендҳову рақамикунонӣ ба сатҳи нав баромаданд, ки ин рушди иқтисоди инноватсиониро таъмин карда истодааст.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, 20 июн дар ҷаласаи пленарии форуми мазкур Президенти Федератсияи Русия Влидимир Путин иштирок ва дар назди ҳозирину намояндагони воситаҳои ахбори омма суханронӣ намуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд






