Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ» иштирок намуд

Июнь 16, 2025 15:40

ДУШАНБЕ, 16.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чин яке аз шарикони асосии иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, ҳаҷми умумии сармоягузориҳо аз ҷониби Чин зиёда аз 5 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода дар Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ», ки имрӯз дар шаҳри Остона баргузор гардид, иттилоъ дод.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҳамоиш намояндагони ҳукуматҳо, доираҳои тиҷоратӣ ва коршиносон аз кишварҳои минтақа гирд омада, масъалаҳои тавсеаи ҳамкорӣ дар самтҳои калидӣ — рақамикунонӣ, нақлиёт ва логистика, саноати кӯҳӣ ва металлургӣ, инчунин комплекси агросаноатиро баррасӣ намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти густариши шарикӣ дар бахши сармоягузориро таъкид намуда, оид ба рушди босуръати иқтисодиёти Тоҷикистон ва иқтидори он дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», саноати истихроҷ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ ибрози андеша намуд.

— Муколамаи мазкур имконияти нодирест барои татбиқи иқтидори муштарак ва таҳкими ҳамкории индустриалию сармоягузорӣ дар минтақа. Дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкати дорои сармояи чинӣ фаъолият мекунанд, — илова кард Султон Раҳимзода.

Форуми ҳамкории индустриалӣ ва сармоягузории «Чин – Осиёи Марказӣ» ба таҳкими эътимод, муаррифии лоиҳаҳои мушаххас ва рушди фазои нави шарикӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 16, 2025 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд