Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар Осакаи Ҷопон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн дар шаҳри Осакаи Ҷопон дар доираи Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Рӯзи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, Комиссари генералии Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 Ҳанеда Коҷӣ, намояндагони мақомоти давлатии Ҷопон, корпуси дипломатӣ ва меҳмонон иштирок намуданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни суханронӣ оид ба имконияти иқтисодию сармоягузорӣ ва дастовардҳою рушди устувори мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ маълумот дода, аҳамияти ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳонро таъкид намуд.
«Баргузор намудани Рӯзи миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO-2025 дар шаҳри Осака дар Рӯзи ваҳдати миллӣ ифодагари рамзи сулҳу субот ва сарҷамъии кишвар барои рушди пойдор аст», — иброз намуд Ҳоким Холиқзода.
Дар доираи чорабинӣ инчунин барномаи рангини фарҳангӣ бо намоиши унсурҳои санъати миллӣ ва ҳунарҳои мардумии тоҷик манзури иштирокчиён гардонида шуд.




























Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






