САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят беш аз 300 муассисаи фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонад

ДУШАНБЕ, 18.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 355 муассисаҳои фарҳангӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар онҳо 1209 кормандони соҳа фаъолият намуда, ба сокинон хизмат мерасонанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Аз 355 муассисаҳои фарҳангӣ — 1 театри вилоятӣ, 1 Маркази эҷодиёти халқ, 2 қасри фарҳанг, 3 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ, 181 китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, 2 осорхона, 8 хона – осорхона, 59 клубҳои деҳот, 5 клуби сайёр, 4 театри халқӣ, 6 ансамбли тарона ва рақси халқӣ, 8 хонаҳои методӣ ва 10 мактабҳои санъат ва мусиқӣ мебошад.
Китобхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 181 китобхона фаъолият мекунад. Фонди асосии китобхонаҳои вилоят 1 208 882 нусха китобро ташкил дода, аз онҳо бо забони давлатӣ 582 844 нусха, ба забони русӣ 561 378 нусха, ба забонҳои дигар 64 660 нусхаро дар бар мегирад.
Дар айни замон, сохтмони бинои китобхонаи марказии вилоят ва китобхонаи бачагонаи вилоят ба анҷом расидааст. Ин иншооти фарҳангӣ рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Театри вилоятӣ
Дар Бадахшон 1 театр — Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назаров дар шаҳри Хоруғ фаъолият дорад. Театри мазкур 21 августи соли 2020 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ мавриди истифода қарор дода шуд. Дар театр 1000 ҷой нишаст мавҷуд аст.
Санги асоси бунёди бинои 3-ошёнаи театри вилоятӣ соли 2015 аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти фарҳангӣ аз соли 2016 шуруъ гардида буд.
Президенти мамлакат бунёди ин кохи муҳташами фарҳангиро дар маркази вилоят — шаҳри Хоруғ дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аҳли санъату фарҳанги «Боми ҷаҳон» армуғони арзишманд номиданд.
Театри вилоятӣ аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати 0,54 садяк замин қомат афрохтааст. Дар таҳхонаи бинои театр толорҳои машқу тамрини ҳунармандон, толорҳо барои гузаронидани дарсҳо пешбинӣ гардидааст, ки барои фаъолияти назарраси ҳунармандон заминаи воқеӣ мегузорад.
Бунёд ва мавриди истифода қарор додани иншооти замонавӣ дар шаҳри Хоруғ ба баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти аҳли фарҳангу санъати вилоят равона гардидааст ва ба тарҳи меъмории шаҳр низ зебогии дигар зам намудаст. Инчунин дар вилоят 4 театри халқӣ низ фаъолият мекунанд.
Осорхонаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар маҷмуъ 10 осорхона мавҷуд аст, ки аз онҳо ду осорхона вилоятӣ мебошад: Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ба номи Хушқадам Қирғизбеков дар шаҳри Хоруғ ва хона-осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур дар ноҳияи Шуғнон. Инчунин 8 хона-осорхона дар дигар ноҳияҳои вилоят фаъолият мекунад.
Осорхонаҳои вилоят дар умум дорои 14 ҳазору 718 нигора мебошанд, ки 8 575 адади он ба Осорхонаи вилоятӣ рост меояд. Масоҳати умумии осорхонаҳои вилоят беш аз 1224 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Минтақаи Бадахшон аз ҷониби ташкилоти байналмилалӣ ба даҳгонаи беҳтарин мавзеъҳои сайёҳии ҷаҳон пазируфта шудааст, омаду рафти меҳмонон ба минтақа сол то сол меафзояд. Аз ин рӯ масъулини осорхонаҳо барои муаррифӣ таърихи гузаштаи халқи тоҷик бо чанд забони дунё роҳбаладонро омода намудаанд.
Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Бадахшон ягона маркази фарҳангии вилоят аст, ки таъриху этнография, археология ва маданияту урфу одати мардуми ин минтақаро ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ муаррифӣ менамояд.
Бо истифода аз маблағҳои худӣ ва кумакҳои пайвастаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сол то сол заминаи моддӣ-техникии осорхона беҳбудӣ ёфта, муассисаи фарҳангӣ ба шабакаи интернетӣ пайваст буда, тамоми шуъбаҳои он бо камераҳои мушоҳидавӣ ва асбоби аксбардории рақамӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ
Боғ яке аз муассисаи фарҳангӣ буда, мақсад аз фаъолияти он фароҳам овардани шароити мусоид баҳри қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавӣ ва зебоиписандии аҳолӣ, ташкили самарабахши истироҳату фароғатӣ аҳолӣ, такомули фаъолияти иҷтимоӣ ва эҷодии шаҳрвандон мебошад. Инчунин таъмини муҳити зист ҳамчун ҳудуди табиии шаҳрсозӣ ба хотири фароҳамсозии фазои боҳаловати равонӣ ва экологӣ барои сокинону меҳмонони маҳал ва ҳифзу барқарорсозии низоми экологӣ равона гардидааст.
Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ фаъолият дошта, вобаста ба шароити мавҷуда фаъолияташонро пеш бурда истодаанд. Инчунин дар вилоят 3 маркази фарҳангӣ – фароғатӣ низ фаъолият мекунанд.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 59 клубҳои деҳот, 5 клуби сайёр, 6 ансамбли тарона ва рақси халқӣ фаъолият намуда, ба ин муассисаҳо истеъдодҳои ҷавон бештар ҷалб мегарданд.
Ҳамчунин дар Бадахшон 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Дар миқёси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 556 нафар ҳунарманд ва кормандони корхонаҳои истеҳсолӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Муассисаҳои фарҳангии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои ташкили истироҳати бофароғат мунтазам чорабиниҳои истироҳатӣ, фароғативу фарҳангӣ ва маърифатии калонҳаҷмро пешкаши сокинони вилоят мегардонанд.
Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»