Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии «Роҳи оҳани Русия» Олег Белозёров мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Роҳи оҳани Русия» Олег Белозёров мулоқот намуд.
Бо ёдоварӣ аз авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла таҳкими ҳамбастагии иқтисодию нақлиётӣ ва рушди робитаҳои логистикӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки ҷаласаи 82-юми Шурои нақлиёти роҳи оҳани кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Душанбе барои муҳокимаи масъалаҳои муҳимтарини рушди нақлиёти роҳи оҳан заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар ин замина таъкид карда шуд, ки мушкилоти геоиқтисодии муосир аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақозо менамояд, ки дар рушди инфрасохтори устувор, боэътимод ва самараноки нақлиётӣ ҳамоҳангии бештар дошта бошанд.
Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ барои тавсеаи имкониятҳои роҳҳои оҳани Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ ва василаҳои пайвастани он ба шоҳроҳҳои баҳрию бозорҳои ҷаҳонӣ табодули судманди афкор анҷом дода шуд.








Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






