Шумо барои фарзандатон дар таътили тобистона реҷаи рӯз тартиб додаед?

Июнь 29, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 29.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тобистон барои кӯдакон давраи деринтизор ва барои волидон давраи пурташвиш аст. Чӣ бояд кард, то кӯдак се моҳро дар назди компютер ё телефон сипарӣ накунад? Чӣ тавр ба ӯ кӯмак кардан мумкин аст, ки парешон нашавад, балки донишашро сайқал диҳад? Чӣ тавр истироҳати онҳоро  на танҳо гуворо, балки муфид низ кардан мумкин аст? Биёед,  дар бораи дуруст ташкил кардани истироҳати фарзандон  сухан ронем, то ки ҳам  падару модар ором ва ҳам  фарзандон хурсанд бошанд.

Ба ақидаи равоншиносон,  агар дар таътили тобистона волидон дар муҳити хона китобхониро ба роҳ монанд, бисёр хуб мешавад. Зеро кӯдакону наврасон дар ин давра вақти холии бештар доранд. Инчунин тавсия дода мешавад, ки аз доираи васеи интихобҳо, он намудҳои истироҳати тобистона, вақтхушӣ ва фаъолиятҳоеро интихоб кунед, ки ба шумов а  фарзандатон мувофиқат кунанд.

Тавре муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Нурулло Ғафуриён иброз медорад, “таътилро давоми соли хониш бачаҳо бесаброна мунтазир мешаванд ва  волидайнро  зарур аст тадбирҳои муҳим андешад, то фарзандаш тамоми се моҳро пеши телевизор ва ё бо телефонҳои мобилӣ нагузаронанд”.

«Дар давраи таътил низ кӯдак бояд реҷаи муайян ва барномарезишуда дошта бошад. Чун тамоми сол ӯ ба реҷаи қатъии рӯз одат кардааст. Агар дар давоми таътил вақти холиро барномарезӣ накунад, аз моҳи сентябр дубора ба мактаб одат карданаш душвор мешавад. Шарт ва зарур аст, ки бачаҳо як муддат аз волидайн дур бошанд. Метавон онҳоро ба хонаи хешу ақрабои наздик фиристод. Дар ин ҳолат кӯдакон мустақил буданро меомӯзанд», -мегӯяд номбурда.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо,  хондани китобҳои гуногун завқи бадеии наврасонро боло мебарад, аз ин хотир падару модар бояд барои мутолиаи асарҳои бачагона кӯдаконро ҳавасманд созанд.

Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки дар ду маврид бояд наврас куллан соҳибихтиёр бошад: хӯрдан ва хобидан. Ҳангоми дарс бачаҳо рӯзҳои якранг доранд ва бояд муддати муайян (7-8 соат вобаста ба син) хоб раванд ва саривақт тановул кунанд. Аммо дар давраи таътил бояд ҳар қадар мехоҳад (шояд камтар аз меъёр ё зиёд аз он) хоб равад ва ҳар қадар, ки мехоҳад ғизо гирад. Чун баъзеҳо дар давраи таътил серҳаракат ва баъзеҳо камҳаракат мешаванд.

Таътил дар истироҳатгоҳи тобистона

Истироҳатгоҳ на танҳо таътили доимии тобистона, балки қадами муҳим дар роҳи ба камол расидани кӯдак мебошад. Истироҳатгоҳ имконияти хубест, ки кӯдак мустақил ва масъулиятшинос шавад.

Муваққатан озод шудан аз нигоҳубини волидайн имкон медиҳад, ки кӯдак ҳисси худшиносиро инкишоф диҳад ва ба сатҳи нави рушди шахсият гузарад. Дар истироҳатгоҳ кӯдак имконият пайдо мекунад, ки малакаҳои пурқимати муоширатро аз худ кунад, дар ҷамъият кор карданро ёд гирад, доираи дӯстону шиносҳоро васеъ намояд.

Ба андешаи равоншиносон, беҳтар аст, ки кӯдакро дар синни 10-11-солагӣ, вақте ки майли бошуурона пайдо мешавад, маротибаи  аввал ба истироҳатгоҳ фиристед. Вақте ки кӯдак ба таътили аввалини мустақил меравад, тавсия дода мешавад, ки истироҳатгоҳи наздиктарин интихоб шавад. Волидайн бояд дар ин муддат зуд-зуд ба аёдати фарзанд раванд.

Истироҳат дар деҳа ё хона

    Истироҳат дар деҳаи худ низ метавонад хотираҳои гуворотарин ва хурсандиоварро боқӣ гузорад, агар волидон ба ин масъала эҷодкорона ва бо масъулияти комил муносибат кунанд.

Ҳангоми дар ҷои кор буданатон ба фарзандатон супоришҳои ҷолибу идорашаванда диҳед, то кӯдак эҳсос накунад, ки вақтро беҳуда сарф накардааст.

Боварӣ ҳосил кардан лозим аст, ки шомҳо ва рӯзҳои истироҳатро якҷоя гузаронед, ба истироҳати фаъол афзалият диҳед. Бо кӯдакон дар рӯзҳои истироҳатӣ бозиҳои шавқовар гузаронед. Бо тамоми оилаи худ ба намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва мавзеъҳои фароғатӣ рафтан тавсия дода мешавад.

Китобхонаҳо ва рушди фарҳанги китобхонӣ

           Таътили тобистона барои ҷалби хонандагон ба китобхонӣ имкони хуб мебошад. Дар ин давра китобхонаҳои шаҳрӣ ва мактабӣ дари худро ба рӯйи хонандагон боз намуда, чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла «Рӯзи китобхонӣ» ва «Ҳафтаи китоб» баргузор менамоянд. Дар ин рӯзҳо хонандагон метавонанд бо асарҳои бадеӣ, таърихӣ ва илмӣ шинос шаванд ва онҳоро мутолиа намоянд.

Илова бар ин, рушди китобхонаҳои электронӣ ба хонандагон имкон медиҳад, ки аз захираи интернетӣ истифода бурда, китобҳои заруриро дар шакли рақамӣ мутолиа кунанд. Платформаҳое, ба монанди «Китобдӯст» ва «www.marifat.tj» захираҳои пурраи адабиётро пешниҳод менамоянд, ки хонандагон метавонанд ба онҳо бе маҳдудият дастрасӣ пайдо кунанд.

Варзиш ва машғулияти солимгардонӣ — калиди тандурустӣ

Варзиш дар давраи таътили тобистона на танҳо василаи солимгардонӣ, балки имконияти бузург барои рушди ҷисмонӣ ва ҳамкории дастҷамъона мебошад. Мактабҳо ва марказҳои варзишӣ машғулияти варзишӣ, мусобиқаҳо ва бозиҳои солимгардониро барои хонандагон ташкил менамоянд.

Машғулияти варзишӣ, ба мисли футбол, волейбол, теннис, баскетбол ва шоҳмот на танҳо ба беҳтар шудани солимӣ, балки ба таҳкими ирода, ҳамкории гурӯҳӣ ва эҳтироми якдигар кумак мерасонанд. Шиноварӣ ва гимнастика дар ҳавзҳои варзишӣ ва толорҳои махсус барои такмили малакаҳои ҷисмонӣ хеле муфид мебошанд.

Ҳама кӯдакон омӯхтани чизи навро дӯст медоранд, дар ин давра низ кӯшиш кунед, ки фарзандон чизҳои ҷолибро омӯзанд. Бо чунин роҳ дар давоми тобистон кӯдак баркамолтар, оқилтар, қавӣ ва хушбахттар мешавад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази таълимии технологияҳои нассоҷӣ таъсис дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Самти афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон қабули шаҳрвандони хориҷӣ аст
Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Чин дар самти коркарди партовҳо ва ҳифзи захираҳои табиӣ лоиҳаи муштаракро амалӣ менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ 14 ихтисоси нав таъсис дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 5 неругоҳи барқи офтобӣ ба истифода дода шудааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 72 донишҷӯ Донишгоҳи давлатии Бохтарро бо дипломи аъло хатм намуд
Дар Тоҷикистон 71 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ фаъолият менамояд
Масъалаи омода намудани мутахассисони соҳаи роҳи оҳан дар Тоҷикистон бо намояндагони Корея баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 6505 нафар дорои дараҷаи илмӣ мебошанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 8 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Байни Литсейи №2-и барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе ва Мактаби байналмилалии «Paragon» Шартномаи ҳамкорӣ ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ бо мақсади омӯзиши забонҳои хориҷӣ 3 марказ бунёд гардид