То анҷоми соли 2025 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» корхонаҳои нав ба фаъолият оғоз менамоянд

ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» (МОИ«Данғара») соли 2009 ташкил гардида, соли 2011 бо фарогирии 541 га замин ба фаъолият оғоз намуд. Мақсади асосии ташкили минтақаи мазкур ин ҳавасмандгардонии рушди иқтидори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо роҳи ҷалби сармоягузории ватанию хориҷӣ, ҷорӣ намудани усулҳои муосири идоракунӣ ва менеҷмент, таъмини иштироки самараноки иқтисодиёти минтақа ва мамлакат, тараққӣ додани ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷ, афзун намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, рушди шаҳрсозӣ дар мавзеъҳои атрофи МОИ «Данғара», ташкил намудани инфрасохтори муосири муҳандисию нақлиётӣ, телекоммуникатсионӣ, истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ мебошад.
Тибқи иттилои роҳбари МОИ «Данғара» Ҷамшед Собирзода, «дар чор моҳи соли 2025 дар минтақа 3 субъекти нав ба қайд гирифта шуд. То инҷониб дар минтақа 39 субъект ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 14 субеъект фаъолияти истеҳсолиашро оғоз намуда, дар 25 субъекти боқимонда корҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ ҷараён доранд».
«Ҷиҳати ҷалби соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, аз ҷониби маъмурияти минтақа корҳои тарғиботӣ ва суҳбату гуфтушунидҳо пайваста амалӣ карда мешаванд», — афзуд ӯ.
Ба иттилои Ҷамшед Собирзода, «дар зарфи чор моҳи соли 2025 ҳаҷми сармоягузорӣ ба минтақа ба 4,9 миллион сомонӣ ва аз оғози фаъолият ҳаҷми сармоягузорӣ ба зиёда аз 2 миллиард сомонӣ расид. Ҳаҷми маблағи маҳсулоти истеҳсолшуда ба 39,3 миллион сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, 4,8 маротиба зиёд мебошад».
Тавре иброз гардид, рӯйдоди муҳиме, ки дар МОИ «Данғара» ба вуқуъ пайваст, ин дар моҳи майи соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардидаани ҶДММ «Оксус Интеразия» мебошад.
Корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шуда, фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст.
Ҳаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ин корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад.
Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оксус Интеразия” дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин шумора 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Корхонаи дигаре, ки то охири соли равон дар МОИ «Дарғара» ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ин Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомон Фуд Хатлон» мебошад.
Лоиҳаи ин корхона дар ҷараёни сафари Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба МОИ «Дарғара» муаррифӣ карда шуд. Корхонаи саноатӣ бо ҷалби 7 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли афшураи мева хоҳад буд.
Тибқи нақша, дар корхонаи мазкур то 300 ҷойи корӣ таъсис хоҳад ёфт. Иқтидори корхона дар як сол 100 ҳазор тонна буда, дар он 15 намуди афшураи мева истеҳсол мегардад, ки ба таъмини бозори дохилӣ ва содирот ба хориҷи мамлакат нигаронида шудааст.
Тибқи иттилои роҳбари ҶДММ «Ғаюр саноат» Фаридун Каримов, корхонаи мазкур ба истеҳсоли 17 намуди маҳсулоти рангҳо ва маводҳои ороишӣ ё худ андоваҳои декоративӣ машғул буда, бо сармоягузории соҳибкорои ватанӣ фаъолият доранд.
«Айни замон дар корхона зиёда аз 17 нафар бо кор таъмин буда, маҳсулоти истеҳсолгардида пурра ба бозорҳои дохилӣ дастрас карда мешавад. Дар нақша ҳаст, ки оянда ба хориҷи мамлакат маҳсулоти корхона содирот низ гардад. Бо имконияти мусоид ва имтиёзҳое, ки дар МОИ «Дарғара» фароҳам оварда шудааст, мо фаъолияти худро самаранок пеш бурда истодаем. Нақша дорем, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро боз ҳам бештар намоем» – илова кард Фаридун Каримов.
Бо фароҳам гардидани шароити хуби корӣ ва пешниҳоди имтиёзҳо барои рушди соҳибкорӣ, натанҳо шумораи соҳибкорони дохилӣ, балки саромягузорони хориҷӣ низ дар МОИ «Дарғара» сол ба сол бештар мегардад.
Ориё Муҳаммадашраф аз зумраи ҳамин гуна соҳибкоронест, ки муддати 5 моҳ боз дар МОИ «Дарғара» бо таъсиси ҶДММ «Омусаро» фаъолият дорад. Дар корхонаи мазкур офтобпараст ва бодом коркард ва банду баст гардида, барои содирот ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ равона мегардад.
«Мо маҳсулоти хомро аз Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷ дастрас намуда, дар ин ҷо 6 намуд маҳсулот истеҳсол менамоем. Айни замон бо дастрас намудани таҷҳизоти техникӣ истеҳсоли равған низ ба роҳ монда мешавад. Агарчӣ шумораи коргарони мо, ки ҳама сокинони маҳаллӣ мебошанд, ҳамагӣ 7 нафарро ташкил медиҳанд, аммо баъди дастрас гардидани таҷҳизоти нави технологӣ ва ба кор даровардани хатти истеҳсоли равған, теъдоди кормандон то ба 25 нафар расонида мешавад» — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Тавре ин соҳибкор зимни суҳбат иброз намуд, дар назар аст, ки дар 4-5 моҳи оянда маҳсулоти ҶДММ «Омусаро» ба Аврупо низ содирот гардад, зеро шароит ва имтиёзҳо барои ривоҷу равнақи корхона ва бештар шудани истеҳсолот таъсири мусбати худро расонидааст. Шаҳодати ин гуфтаҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот мебошад.
«Мо дар навбати аввал истеҳсоли ҳамагӣ 5 ҳазор кг маҳсулотро пешбинӣ намудем, аммо дар 3 моҳи аввали фаъолият, 8 ҳазор кг ба бозорҳои дохилӣ ва то 7 ҳазор кг маҳсулот ба бозорҳои хориҷӣ содирот гардид, ки ин ҳама дастовардро аз имкониятҳои фаровон ва имтиёзҳои қабили таваҷҷуҳ арзёбӣ менамоем. Аз ин лиҳоз нақша дорем, ки дар як сол болотар аз 100 ҳазор кг маҳсулот истеҳсол ва дар баробари бозорҳои дохилӣ, ба бозорҳои давлатҳои зиёди хориҷӣ, онро содирот намоем» – афзуд соҳибкор.
Корхонаи дигаре, ки дар МОИ «Дарғара» фаъолияти назаррас дорад, ин ҶДММ «Грин голд» мебошад. Самти фаъолияти ин корхона, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, ба коркард ва банду басти хушкмева (писта) равона шудааст. Фирдавс Мирзораҳимов корманди ин корхона иттилоъ дод, ки маҳсулоти истеҳсолгардида, аслан барои содирот нигаронида шудааст.
«Дар мавсими пухтарасидани пистаҳои маҳаллӣ мо маҳсулоти хомро аз дохили мамлакат дастрас намуда, баъди коркард ва бандубаст содирот менамоем. Соли 2024 дар ҳудуи корхона 10 деги равғанбарорӣ насб карда шуд, ки тавассути онҳо аз тухмии зағер равған истеҳсол карда мешавад. Ҳаҷми истеҳсолот дар як сол то 300 тона зағерро, ки ҳам аз дохил ва ҳам аз хориҷи мамлакат дастрас карда мешавад, ташкил медиҳад. Маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷ, хусусан Федератсияи Русия содирот карда мешавад. Дар нақша ҳаст, ки бо навиштаҷот ва ё бренди махсус равғанҳои истеҳсолгардидаи ин корхона дар дохили мамлакат низ ба фурӯш гузошта шаванд», — афзуд Фирдавс Мирзораҳимов.
ҶДММ «Грин голд» дар МОИ «Дарғара» 10 корманди доимӣ дошта, дар мавсими коркарди писта, шумораи онҳо то ба 50 нафар мерасад.
Субъектҳои дигаре, ки дар ҳудуди МОИ “Данғара” имрӯзҳо фаъолияти назаррас доранд, инҳо: ҶДММ «Ауфен» (истеҳсоли конструксияҳои металлӣ), ҶДММ «Детйен бетон» (истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ), ҶДММ «МИСР -2001»(истеҳсоли шағал, шебен, қум), ҶДММ «Тоҷпласт-1» (истеҳсоли қубурҳои полиэтиленӣ), ҶДММ «Сохтмон-11» (истеҳсоли хишти сохтмонӣ), ҶДММ «Техно полиш» (истеҳсоли тол) ва ҶДММ «Сангвор Саноат» (истеҳсоли хишту пенаблок) ба шумор мераванд.
Корхонаҳои мазкур бо саромгузории соҳибкорони дохилию хориҷӣ ба истеҳсоли маҳсулот машғул буда, дар рушди соҳаи саноат ва таҳкими иқтидори иқтисодии мамлакат саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.
Ҳоло дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар масоҳати 541 гектар бунёд гардидааст, 39 ширкати ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноаткунонии босуръати мамлакат ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ҳоло дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара дар маҷмуъ наздики 600 ҷойи корӣ ташкил гардидааст. Ҳаҷми сармоягузорӣ дар соли 2024 аз ҳисоби субъектҳои минтақаи озоди иқтисодӣ ба 34 миллион сомонӣ баробар буда, иқтидори умумии сармоягузориҳо аз оғози фаъолият бошад беш аз 2 миллиард сомониро дар бар мегирад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2024 54 миллион сомонӣ ва дар 4 моҳи соли 2025 39,3 миллион сомониро ташкил дод.
Ёдовар мешавем, ки бо ташаббуси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи идоракунии сарҳад (фазаи III) ва бо маблағгузории Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) як гуруҳ рӯзноманигорон ва блогерони тоҷик, аз ҷумла хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба Минтақаи озоди иқтисодии «Дарғара» сафар намуда, бо фаъолияти корхонаҳои ҳудуди ин минтақа шинос шуданд. Аз фаъолияти дигар субъектҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Дарғара» низ хабару мавод ба нашр хоҳанд расид.
Саидҷаъфар АШУРЗОДА,
Абдулмуъмин РАҲМАТУЛЛОЕВ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»