Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб беш аз 2 баробар афзудааст

Июль 16, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми гардиши мутақобили мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар шаш моҳи аввали соли равон беш аз 2 баробар афзудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ иттилоъ дода шуд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарони ҳарду давлат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб муҳтарам Шайх Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи баланд баромаданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо зарурати тавсеаи тиҷорати дутарафаро таъкид намуда, ба мувофиқа расиданд, ки имконоти  истифоданашударо дар соҳаҳои саноат, энергияи «сабз», кишоварзӣ, авиатсия, сайёҳӣ ва логистика пурра истифода намоянд.

Завқӣ Завқизода аз ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб хоҳиш намуд, ки ширкатҳои аморатӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, аз ҷумла рақамикунонӣ, саноати коркард, истихроҷ, инфрасохтор, логистика ва туризм лоиҳаҳои сармоягузорӣ татбиқ намоянд.

Бо назардошти аҳамияти энергияи «сабз» Завқӣ Завқизода иштироки Фонди рушди Абузабиро дар сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳим арзёбӣ намуда, даъват ба амал овард, ки барои ҳарчи зудтар баимзорасонии созишномаи сармоягузорӣ раванди мувофиқа ва омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурӣ тезонида шавад.

Дар посух ба ин пешниҳод ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб иброз дошт, ки Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод ва дорои дурнамои васеи ҳамкории иқтисодӣ дар минтақа арзёбӣ менамояд ва омодааст барои баррасии пешниҳодҳо ва густариши ҳамкорӣ, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи Аморот ба соҳаҳои афзалиятнок мусоидат намояд.

Бояд гуфт, ки дар доираи сафари расмии Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб пагоҳ бо иштироки доираҳои соҳибкорони тоҷик ва аморотӣ Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баргузор мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид