Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати 10-уми вазирони кишоварзии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд

Июль 31, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар шаҳри Кумини Ҷумҳурии Мардумии Чин Машварати 10-уми вазирони кишоварзии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид, ки дар он Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни машварат ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, мубориза бар зидди пайомадҳои тағйирёбии иқлим, хушксолӣ ва биёбоншавӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, гузариш ба роҳҳои инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, истеҳсоли маҳсулоти органикӣ, ба роҳ мондани даври пурраи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, пешбурди тиҷорати электронӣ ва кишоварзии ҳушманд, рафъи монеаҳои содироту воридоти маҳсулоти озуқаворӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар самти фитосанитарию карантини растанӣ, селексия, тухмипарварӣ ва биотехнология, дастгири доираҳои илмӣ ва бахши хусусиро баррасӣ намуданд.

Иштирокчиён вобаста ба тағйирёбии иқлим, тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ, коркард ва татбиқи муштараки технологияи аграрии муосир, амалӣ намудани ташаббусҳои кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид ба доираҳои соҳибкорӣ, ҳарчи бештар сармоягузорӣ намудани корхонаҳои коркарди маҳсулот, рушди соҳаи моҳипарварӣ ва пешбурди корҳои селексионӣ табодули афкор намуданд.

Дар машварат ҳамзамон оид ба масоили устувор намудани соҳаи кишоварзии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нисбат ба  пайомадҳои баъдӣ, рушди устувори логистикӣ ва занҷираи арзиши иловашуда, таъсиси низоми ягонаи огоҳонидани бармаҳал, мубориза бар зидди касалию ҳашароти зараррасони сарҳадгузар ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди кишоварзии «сабз» ибрози андеша карда шуд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 31, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад