Ҷаласаи Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир шуд

Июль 17, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи якуми Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» Ҳоким Холиқзода иттилоъ дод, ки баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат, таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобили судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва боло бурдани нуфузи сармоягузории Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини раиси Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузории «Dushanbe Invest – 2025» Султон Раҳимзода ба аъзои Кумитаи тадорукот роҷеъ ба ҷараёни корҳои омодагӣ, таърих ва макони баргузорӣ, сохтори Барнома, масъалаҳои молиявӣ, ташкили намоишгоҳ, чорабиниҳои канорӣ ва дигар масъалаҳои ташкилию муҳтавоии форум иттилоъ дод.

Баргузории Форуми «Душанбе Инвест-2025» 14-16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардида, ҳадаф аз он муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Форум ба ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои соҳибкорие, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ҳавасманданд, равона гардидааст.

Дар фарҷоми ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳоким Холиқзода ба аъзои Кумитаи тадорукот барои  дар сатҳи баланди муҳтавоию ташкилӣ ва натиҷабахш баргузор намудани форум супоришҳо дод.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ

Июль 17, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид