Антропологи машҳури рус дар ёдгории Сари Майни ноҳияи Айнӣ таҳқиқот мегузаронад
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Антропологи машҳури рус Надежда Дубова барои пажӯҳиши ҷасади мумиёшуда, ки чанде пеш аз ёдгории Сари Майни деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бозёфт гардид, таҳқиқот мегузаронад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода дар ёдгории Сари Майни деҳаи Искодари ноҳияи Айнӣ бо гурӯҳи бостоншиносон вохӯрӣ намуд.
Дар таҳқиқу омӯзиши ин бозёфт- ҷасади мумиёшуда бостоншиносони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Федератсияи Русия ва Узбекистон иштирок доранд.
Дар доираи сафар роҳбарияти Осорхонаи миллӣ ҳамзамон бо макони бозёфти қадимтарин меҳроби чӯбин дар дунё – Меҳроби Искодар, ки соли 1925 бозёфт гардидааст ва имрӯз дар Осорхонаи миллӣ нигаҳдорӣ ва муаррифӣ мегардад, шинос шуданд.
Пажӯҳиши ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ, баргузории таҳқиқоти муштараки илмӣ ва ҳифзи бозёфтҳои арзишманд аз самтҳои муҳими фаъолияти Осорхонаи миллӣ ба шумор мераванд, ки ба омӯзиш ва таблиғи таъриху фарҳанги Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ равона гардидаанд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






