Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳиссаи умумии омӯзгорони унвондор 36,3 фоизро ташкил медиҳад

Июль 27, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав як литсейи вобаста, Институти илмӣ-таҳқиқотии табиатшиносӣ ва техникӣ, Маркази Мавлоношиносӣ, маркази касбомӯзӣ, се маркази забономӯзӣ, аз ҷумла марказҳои омӯзиши забонҳои англисӣ, русӣ, забон ва фарҳанги Корея фаъолият доранд. Дар баробари ин донишгоҳ дорои 14 факултет ва 45 кафедра мебошад. Чунин маълумот пешниҳод намуд ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Маҳмадалӣ Қурбонзода зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон.

«Ҳоло 621 омӯзгор дар донишгоҳ ба таълим ва таҳқиқ машғул мебошад. Аз ин шумора 21 нафар докторони илм ва профессорони доимӣ, 205 нафар дотсентону номзадони илм ва 395 нафар саромӯзгорону ассистентон мебошанд. Ҳиссаи умумии омӯзгорони унвондор дар донишгоҳ 36,3 фоизро ташкил медиҳад», — илова намуд Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ ба 15 ҳазору 281 нафар мерасад. Аз ин шумора 6748 нафар дар шуъбаи рӯзона, 8534 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва 190 нафар дар зинаи магистратура таҳсил мекунанд. Ҳамзамон 7059 нафари онҳо духтарон мебошанд, ки 46,2 фоизи шумораи умумии донишҷӯёнро ташкил медиҳад.

Соли 2025 Донишгоҳи давлатии Бохтар тибқи раддабандии Агентии назорати давлатии соҳаи маориф тавонист мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ҳифз намояд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

Июль 27, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд