Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд

Июль 4, 2025 15:11

ДУШАНБЕ, 04.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 июл бо ибтикори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Намоиши мазкур бахшида ба ҷашни 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ доир гардид, ки 11–14 июни соли 2025 дар қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса, дар ҳошияи Конфронси байналмилалии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «700 сол бо Ҳофиз» таҷлил гардид.

Дар чорабинӣ доир ба китобҳои дастнавис, чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ, ки дар ганҷинаи ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев нигаҳдорӣ мешаванд, маълумоти муфассал дода шуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Қобилҷон Хушвахтзода аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ёдоварӣ намуда, дар ин замина баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди илмиву фарҳангӣ ба муносибати бузургони тоҷику форс дар сатҳи ҷаҳонӣ, аз ҷумла бузургдошти шоиру мутафаккири барҷастаи мо, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳофизи Шерозиро дар ЮНЕСКО ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ арзёбӣ намуд.

«Давоми сол чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ба муносибати шахсияти машҳури ҷаҳонӣ Ҳофизи Шерозӣ доир хоҳанд гашт»,-афзуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Мудири шуъбаи ҷамъоварӣ ва нигаҳдории нусхаҳои хаттӣ Иззатулло Мирзоев, ки дар намоиши нусхаҳои хаттии осори Ҳофиз дар шаҳри Париж иштирок дошт, дар мавриди истиқболи гарму самимии муҳаққиқону иштирокдорони намоиши ЮНЕСКО ёдоварӣ карда, дар идома ба меҳмонону ҳозирин аҳамияту арзиши илмии дастнависҳову хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозиро тавсиф намуд.

Бояд гуфт, ки дар Ганҷинаи ба номи академик Абдулғанӣ Мирзоев 200 девони дастнавис, 50 китоби чопи сангӣ ва 30 қитъаи хушнавис нигаҳдорӣ мешавад, ки аксарияти он ба намоиш гузошта шуд.

Дар доираи намоиши ЮНЕСКО дар шаҳри Париж аз Ганҷинаи нусхаҳои хаттии Марказ 15 нусхаи арзишманди дастнавис, 1 китоби чопи сангӣ ва 10 қитъаи хаттотии ашъори Хоҷа Ҳофиз, ки аз лиҳози илми нусхашиносӣ ва арзишҳои фарҳангӣ аҳаммияти хос доранд, пешниҳоди тамошобинони байналмилалӣ гардонида шуд. Аз ҷумла:

Нусхаи №426 – яке аз қадимтарин ва пурарзиштарин нусхаҳои мусаввари «Девон»-и Ҳофиз, ки дар байни ганҷинаҳои дастхатҳои шарқи исломӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Ин нусха бо нақшу нигори нодири минеатурӣ ва ороишоти рангоранг фарқ мекунад ва намунаи барҷастаи ҳамгироии шеър ва рассомии китобӣ ба шумор меравад.

Нусхаи №704 – нусхаи муътабари «Девон»-и Ҳофиз бо муқаддимаи Муҳаммад Гуландом, яке аз маъруфтарин мураттибон ва шарҳнависони асрҳои миёна, ки дар шаклгирии матни классикии девон нақши муҳим доштааст. Ин муқаддима дар баррасии интиқодии осори Ҳофиз ва сабки ғазалсароиаш аҳамияти вижа дорад.

Нусхаи №1299 – «Девон»-и Ҳофиз, ки нусхаи музаҳҳабу мунаққаш бо хатти шевои хаттоти маъруф Муҳаммад Ҷаъфар ибни Алӣ мебошад, ин нусха намунаи барҷастаи санъати китобсозии суннатии тоҷикон аст.

Нусхаи №2586 – «Девон»-и Ҳофиз дастнависи нодир бо хатти Мирзо Довудхоҷа, ки бо устодии хоси худ ба таври равон, дақиқ ва зебо ғазалиёти Ҳофизро ба шакли хаттии муътамад ба рӯи коғаз овардааст.

Нусхаи №560 – нусхаи беназири асари «Ҳалли луғот», ки фарҳанги шарҳи калимаҳои душворфаҳми Девони Ҳофиз мебошад. Ин матн барои таҳқиқоти адабӣ ва фаҳми дақиқи лафзи шеъри Ҳофиз манбаи беназир ва арзишманд аст.

Як китоби чопи сангии Девони Ҳофиз (таърихи интишор: қарни XIX) – намунаи нодири чопи сангӣ бо услуби анъанавии хаттӣ ва ҳунари чопи шарқӣ. Ва 10 қитъаи хушнависии мустақил аз шоҳбайтҳои маъруфи Хоҷа Ҳофиз, ки дар қарнҳои XV–XIX бо хатҳои настаълиқ, шикаста ва сулс навишта шудаанд. Ин қитъаҳо, ки ба таври мустақил ҳифз гардидаанд, на танҳо намунаҳои олии санъати хушнависӣ, балки гувоҳи эҳтироми ҳазорсола ба шеъри Ҳофиз мебошанд.

Мавод ва нусхаҳои ба намоиш гузошташуда, ки ба таври дақиқ ва дар асоси арзишҳои илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ интихоб шуда буданд, тавонистанд фазои эстетикӣ, маънавӣ ва ҳунарии осори Хоҷа Ҳофизро дар муҳити байналмилалӣ ба таври муассир инъикос намоянд. Ин нусхаҳо на танҳо аз нигоҳи илмии нусхашиносӣ ва санъати китобсозӣ, балки бо зебоии визуалӣ ва ҳунари олии хаттотӣ таваҷҷуҳи зиёдро ба худ ҷалб намуданд.

Намояндагони Маркази мероси хаттӣ бо риояи меъёрҳои муосири муаррифии мероси хаттӣ ва талаботи қароргоҳи ЮНЕСКО талош намуданд, ки шеъри Ҳофизро ҳамчун як падидаи ҷаҳонии фарҳанг ва маънавият ба меҳмонони хориҷӣ бо шефтагӣ ва масъулияти баланд муаррифӣ намоянд.

АКС: Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 4, 2025 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ХОВАЛИНГ ТАЪРИХИ ЯКМИЛЛИОНСОЛА ДОРАД. Он барои илми ҷаҳонӣ чун маъхази бостоншиносӣ хизмат менамояд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад