Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад

Июль 22, 2025 09:33

ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз  1 август дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон) — и ноҳияҳои шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас дар самти ровигӣ, баланд бардоштани сатҳи суханварӣ, забондонӣ ва муаррифии чеҳраҳои нави эҷодӣ байни довталабони аз 9 то 18-сола доир карда мешавад.

Озмун дар ду давр баргузор гардида, даври якуми он аз 1 август то 30 сентябр дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон) — и ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир карда мешавад.

Даври ниҳоӣ нимаи дуюми моҳи октябр дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе доир мегардад.

АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе

Июль 22, 2025 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Мадми ноҳияи Айнӣ муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 бунёд карда мешавад
Имрӯз даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷамъбаст мегардад
«Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба нақши осори Саттор Турсун дар адабиёти муосири тоҷик ҳамоиш баргузор шуд
Даври якуми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2026 оғоз мегардад
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд