Дар Мурғоб калонтарин неругоҳи офтобӣ ба истифода дода шуд

Июль 1, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 01.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз калонтарин неругоҳи офтобӣ дар Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Аличори ноҳияи Мурғоб бо иқтидори 2,8 мегават ва бо насби захираи энергия 1,4 меговат соат, дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Рангкул бо иқтидори 450 киловат ва батареяи захираи энергия 220 киловат соат сохта, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатии ноҳияи Мурғоб иттилоъ медиҳад.

Неругоҳои офтобӣ дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба истифода дода шуданд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2024 оғоз гардида, дар муддати кутоҳ бо насби таҷҳизоти муосир ва пешрафта ба анҷом расонида шуд.

Бояд гуфт, ки таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муассир андешида мешаванд. Ба фаъолият оғоз намудани чунин неругоҳҳо дар заминаи иқдомҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, баҳри таъмини шароити зиндагии арзандаи сокинони ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад. Илова бар ин, неругоҳи офтобӣ дар деҳаи Булункул бо иқтидори 565 киловат бо насби захираи энергия 360 киловат соат ба истифода дода шудааст.

АКС аз бойгонӣ

Июль 1, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад