Дар ноҳияи Мастчоҳ дар беш аз 22 ҳазор гектар зироат кишт карда шуд

Июль 20, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 20.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ дар 22 ҳазору 535,4 гектар кишт гузаронида шуд. Аз шумораи майдонҳои киштгардида 1767,9 гектар ба зироати ғалладонагӣ, 10 ҳазору 281,3 гектар ба пахта, 918,1 гектар ба зироати равғандор, 52,9 гектар ба картошка, 6,2 гектар ба сабзавот ва 962,4 гектар ба полезиҳо рост меояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳия дар шашмоҳаи  якуми соли 2025  297 миллиону 340,4 ҳазор сомониро ташкил дод.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳо бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ҳамкорӣ намуда, барои истифодаи самараноки замин ва татбиқи усулҳои муосири агротехникӣ тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Танҳо дар хоҷагии деҳқонии «Бешариқ»-и Ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳия, ки дорои 21 гектар замин мебошад,  дар 14 гектар пахта, 2 гектар беда, 2 гектар офтобпараст, 2 гектар полезӣ ва дар 0,3 гектар картошка кишт карда шуд. Инчунин дар хоҷагии деҳқонӣ дар 1,4 гектар боғ бунёд карда шудааст. Кишти такрорӣ дар масоҳати умумии 0,3 гектар гузаронида шуд,ки 0,1 гектар сабзӣ, 0,05 гектар бодиринг ва 0,15 гектари он лӯбиёгиҳо мебошад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 20, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад