Дар Пекин дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид

Июль 29, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин маросими ифтитоҳи дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд.

Дар ҳамоиш иҷрокунандаи вазифаи Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Раҷабзода ва беш аз 80 намояндаи ширкату корхонаҳо аз шаҳрҳои гуногуни Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок намуданд.

Ҳадафи ифтитоҳи дафтари мазкур, пеш аз ҳама, тақвияти ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҷалби сармоягузории хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, инчунин мусоидат ба тавсеаи робитаҳои мустақим байни доираҳои соҳибкориву сармоягузории ду давлат мебошад.

Ҳамзамон пас аз маросими ифтитоҳ намояндаи Палата дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Абдухусейн Умаралиев бо баргузории рӯнамо (презентатсия) иштирокдорони чорабиниро бо имконоти  сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳити мусоиди сармоягузории мамлакат шинос намуд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 29, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид