Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд

Июль 15, 2025 09:19

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд дар доираи Экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё-2025» таҳти унвони «Суғд – чорроҳаи таърихии Роҳи Бузурги Абрешим» форуми тиҷоратӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форум намояндагони доираҳои соҳибкорӣ, сармоягузорон, коршиносон ва иштирокчиёни экспедитсияро аз кишварҳои мухталиф гирди ҳам овард. Мақсади форуми тиҷоратӣ аз фароҳам овардани заминаи муколамаи мустақим байни соҳибкорони маҳаллӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, муаррифии имконоти сармоягузории минтақа ва муҳокимаи дурнамои рушди робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ иборат буд.

Муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дар форум иброз намуд, ки  «вилояти Суғд ҳамеша дар Роҳи Бузурги Абрешим нақши калидӣ доштааст ва имрӯз омода аст бори дигар ба нуқтаи муҳими тиҷорати байналмилалию сармоягузорӣ табдил ёбад. Аҳамияти стратегии минтақа, мавқеи ҷуғрофӣ ва захираҳои бой онро барои рушди кишоварзӣ, саноат, туризм ва логистика ҷолиб мегардонанд».

Раиси Шурои кории Русияву Тоҷикистон, директори генералии Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратӣ «Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ» ва раиси Кумитаи тадорукоти Экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё-2025» Ислом Назаралиев, ки экспедитсияи сайёҳиро роҳбаладӣ менамояд,  аҳамияти рушди муносибатҳои бисёрҷонибаро таъкид намуд.

Ба иттилои ӯ, Экспедитсияи байналмилалии «Сафар ба қалби Авруосиё-2025» бо мақсади муаррифии мероси фарҳангӣ, таҳкими дӯстӣ, густариши ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ ташкил карда шудааст.

Ин экспедитсия на танҳо роҳи муштараки фарҳангӣ-таърихӣ, балки пайванди мустаҳкаме барои ояндаи дурахшони минтақа хоҳад шуд. Ҳамзамон он дӯстиро абадӣ гардонида, ҳамкориро таҳким бахшида, ба наслҳои оянда мероси неки ваҳдати умумиро боқӣ мегузорад.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 15, 2025 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид