Дар Тоҷикистон беш аз 18 ҳазор нафар забони олмониро меомӯзанд

Июль 2, 2025 11:18

ДУШАНБЕ, 02.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар шаш муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон 1708 нафар донишҷӯён забони олмонӣ меомӯзанд. Инчунин дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 17 ҳазору 100 хонанда ба омӯзиши забони олмонӣ ҷалб гардидаанд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ва Президенти Ландтаги музофоти федеролии Саксония-Анҳалти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Гуннар Шелленберген.

Тавре дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд, зимни вохӯрӣ  ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими робитаҳои дуҷониба дар самти маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор доданд. Рушди ҳамкорӣ  бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон барои Тоҷикистон дорои аҳаммияти стратегӣ буда, заминаи муҳимми рушди низоми таҳсилот ва илмро фароҳам меорад.

Вазорати маориф ва илм пешниҳод намуд, ки робитаҳои мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Олмон амалӣ гардида, мубодилаи барномаҳои инноватсионӣ ва тадқиқоти муштараки илмӣ байни муассисаҳо густариш ёбанд.

Курсҳои омӯзиши забони олмонӣ барои такмили малакаи омӯзгорон ташкил карда шуда, ҳамкорӣ  байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва сохторҳои илмии Олмон таҳким ёбанд, намояндагии фондҳои бурсиявии олмонӣ дар назди Маркази барномаҳои байналмилалӣ таъсис дода шавад. Инчунин пешниҳод гардид, ки донишҷӯёне, ки забони олмониро дар сатҳи муошират аз худ намудаанд, ба барномаҳои таҷрибаомӯзӣ ва корҳои мавсимӣ дар Олмон ҷалб гарданд.

Зимни вохӯрӣ инчунин пешниҳод шуд, ки барои рушди захираҳои инсонӣ ва густариши заминаҳои маориф, аз зинаи таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Аз ҷумла, таъсиси боғча ва гимназияи хусусӣ бо забони олмонӣ, омодасозии мутахассисон дар шакли дуалӣ бо ҷалби таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳо, таъсиси донишгоҳи хусусии муштарак бо риштаҳои гуногуни таҳсилот, таъсиси марказҳои забономӯзӣ дар заминаи донишгоҳҳо ва таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои илмҳои геологӣ, энергетика ва дигар бахшҳои муҳим амалӣ карда шаванд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 2, 2025 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд