Дар Тоҷикистон наздикӣ 1000 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд

Июль 6, 2025 08:59

ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар мамлакат 996 адад гармхонаҳои доимамалкунанда фаъолият мекунанд, ки замини он 178 гектарро ташкил дода, дар 138 гектар кишт гузаронида шудааст.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  аз ин шумора 65,2  гектарро помидор, 36,9 гектарро бодиринг  ва дигар сабзавотҳо 33,6 гектарро ташкил медиҳад.

То нимаи моҳи июни соли равон  дар онҳо  3606,5 тонна сабзавот, аз ҷумла помидор 1409,9 тонна, бодиринг 1080,0 тонна ва дигар сабзавотҳо 1116,6 тонна истеҳсол шудааст.

Солҳои охир таваҷҷуҳ ба рӯёндани сабзавоти тару тоза ва сабзаҷот дар гармхонаҳо меафзояд. Фаъолияти босамари гармхонаҳост, ки дар рӯзҳои зимистон дар бозори истеъмолӣ аз ҷониби кишоварзони мамлакат сабзавоти тару тоза таъмин карда мешавад.

Ҳукумати мамлакат аҳамияти иқтисодӣ ва иҷтимоии ин масъаларо ба инобат гирифта, ҷиҳати васеъ намудани майдони истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тавассути гармхонаҳо чораҳои муассир меандешад.

Дар мамлакат гармхонаҳои мавсимӣ низ фаъолият менамоянд. Тибқи маълумоти фаврӣ, то 1 апрели  соли равон   дар гармхонаҳои мавсимӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 2754 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2025 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад