Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба даврҳои омӯзишии «Фарҳанги дастархондорӣ» ҷалб гардиданд
ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ беш аз 120 донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба даврҳои омӯзишии «Фарҳанги дастархондорӣ» ҷалб гардида, пас аз омӯзиши касбӣ дар чорабиниҳои муҳими сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок доранд.
Тавре Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 29 июл дар нишасти матбуотӣ ба доираи васеи хабарнигорон иттилоъ дод, «барои таҳкими таҳсилоти тахассусӣ аз рӯйи ихтисосҳои сайёҳӣ пойгоҳи моддӣ-техникии озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин карда шудааст. Тадбири мазкур имкон дод, ки донишҷӯён дар як вақт аз машғулияти амалии вобаста ба самти ихтисос, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи мамлакат доир мегарданд, баҳравар шаванд».
Убайдулло Асрорзода афзуд, ки дар доираи татбиқи сиёсати давлатии дастгирии ҷавонон ва мусоидат ба шуғли аҳолӣ соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон намоишгоҳи ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озод дар сатҳи баланд ва бо фарогирии васеъ баргузор гардид. Дар он намояндагони беш аз 90 корхонаю муассисаи истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бо пешниҳоди беш аз 2500 ҷойи кор ва вазифаҳои озод иштирок намуданд. Ҳамзамон зиёда аз 700 нафар хатмкунандагони донишгоҳ ба озмунҳои ишғоли ҷойи корӣ ва вазифаҳо ҷалб шуда, ба корхонаю ташкилот барои мусоҳиба ва дарёфти ҷойи кор роҳнамоӣ гардиданд.
«Дар ин давра бо мақсади густариши робитаҳои илмию амалӣ ва таҳкими ҳамкории судманд бо бахши истеҳсоливу хизматрасонӣ кафедраҳои тахассусии донишгоҳ бо шумораи зиёде аз корхонаҳо ва ташкилоти соҳавӣ созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Ҳамзамон се кафедраи донишгоҳ, аз қабили фаъолияти бонкӣ, ҳуқуқ ва сайёҳӣ ва бизнеси меҳмондорӣ намояндагиҳои соҳавӣ таъсис дода, заминаи мусоиди амалӣ барои тақвияти робита бо бозори меҳнатро фароҳам оварданд», — иброз дошт ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
САЙЁҲИИ ТАБОБАТӢ. Чашмаи «Авҷ»-и Бадахшон бо оби минералии шифобахш барои рушди ин соҳаи сайёҳӣ имкон дорад
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






