Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил дод

Июль 5, 2025 09:36

ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ-майи соли 2025 гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Конфедератсияи Швейтсария 49,8 миллион долларро ташкил намуда, байни кишварҳои Аврупо дар ҷойи дуюм қарор гирифт. Дар ин хусус  3 июли соли равон зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Конфедератсияи Швейтсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Остона  Салман Бал иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд дар доираи вохӯрӣ  тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Завқӣ Завқизода иброз намуд, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар -Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Конфедератсияи Швейтсария муносибатҳои ҳарду давлат пайваста рушд ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба ташрифи соҳибкорони Швейтсария ба Тоҷикистон (15-19 сентябри соли 2025) мубодилаи афкор гардид.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории минбаъдаи мутақобилан судманд ва татбиқи лоиҳаву барномаҳои амалкунанда изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 5, 2025 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид