Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид

Июль 9, 2025 14:25

ДУШАНБЕ, 09.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи тоҷик Зубайр Каримов дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардида истодааст, сазовори Шоҳҷоиза гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.

Озмун дар доираи Фестивали байналмилалии «Дар оғӯши Исиқ — Кул», ки аз 6 то 12 июл идома меёбад, баргузор шуд.

Дар он таълимгирандагони Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар бахши «Овозхонии эстрадӣ» фаъолона иштирок намуда, таълимгирандаи дигари ин муассиса Муҳаммадҷон Раҷабов сазовори ҷои дуюм гардид.

АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе

Июль 9, 2025 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд