Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст

Июль 14, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ давоми беш аз 30 сол дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 16 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 217 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддати 110- киловолта, 289 километр хатҳои интиқоли барқи 35 кВт ва беш аз 560 километр хатҳои нави барқии шиддати паст сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Агар то соли 1991 иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар вилоят ҳамагӣ 10,4 МВт-ро ташкил карда бошад, ин нишондиҳанда соли 2024 ба 47,5 МВт расид, яъне 4,7 баробар зиёд гардид.

Баланд гардидани иқтидори истеҳсоли неруи барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба бунёди неругоҳҳои хурди барқи обӣ рабт дорад. «Равмед» неругоҳи хурди барқи обие аст, ки бо иқтидори 100 киловатт дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон сохта шуда, моҳи июни соли 2025 мавриди истифода қарор гирифт. Ин неругоҳ 71 хоҷагии деҳаи дурдасти Равмедро дар чор фасли сол бо неруи барқ таъмин менамояд.

Ҳамзамон моҳи июн дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор» ба истифода дода шуд, ки ин иншооти муҳими соҳаи энергетика аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолияш 11 мегаваттро ташкил медиҳад.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар доираи дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 миллион кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Неругоҳи барқи обии «Себзор» имкон медиҳад, ки 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо намоянд ва ин ба рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Дарозии сарбанди неругоҳ 65 ва баландиаш 8,5 метрро ташкил медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи барқи обии «Себзор» имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад. Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» барои беҳтаршавии таъминот бо неруи барқ ва рушди дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим мебошад. Баъди ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Себзор» 20 мутахассиси маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд.

Неруи барқи тавлидшуда дар зеристгоҳи 110-киловолтаи «Себзор» танзим гардида, тавассути хати интиқоли барқи 110- киловолтаи Себзор-Хоруғ ба дарозии 18 километр ба шабакаи умумии барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мешавад.

Татбиқи Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023-2037 тавассути таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя, татбиқи технологияи муосиру инноватсионӣ ва дар ҳамин замина бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таъмин карда мешавад.

Бунёди Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар доираи амалигардонии барномаи иқтисоди «сабз» аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон далели ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир, саҳмгузорӣ дар пешгирии дигаргуншавии иқлим ва дастовардҳо дар ҷодаи тавлиди энергияи «сабз» арзёбӣ мегардад.

Бояд гуфт, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 100 фоизи таъмини неруи барқ аз ҳисоби манбаъҳои барқароршавандаи энергия амалӣ мегардад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон яке аз минтақаҳои пешсаф дар самти истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон 100 фоизи таъмини неруи барқ ба аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят аз ҳисоби чунин манбаъҳо, аз ҷумла неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ амалӣ мегардад.

Неругоҳҳои хурди барқи обӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бдахшон дар доираи сиёсати энергетикии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳкими таъминоти устувори барқ дар вилоят бунёд гардида, дар роҳи рушди иқтисодии минтақа ва беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ қадами муҳим арзёбӣ мешаванд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 14, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи ифтитоҳи парвозҳои нав байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва Туркия баррасӣ шуд
Табодули молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаш моҳ 6 миллион долларро ташкил дод
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар корхонаҳои нави саноатии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 95,3 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст
Дар шаҳри Хоруғ ҷаласаи Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва «Nafith Logistics» ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ба маблағи 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст
Доир ба тадбирҳои иловагии вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ машварати корӣ баргузор гардид
Дар нимсолаи якуми соли 2025 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,7 миллиард долларро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи ҳисоб дар беш аз 14 ҳазор ҳолат вайронкунии қоидаҳои молиявиро ба маблағи 628,2 миллион сомонӣ муайян намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 3,3 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардидааст
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 бо иштироки Сарвари давлат 16 корхонаи нави саноатӣ ба истифода дода шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии омор дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Тоҷикистон таҳқиқоти қувваҳои корӣ гузаронид