Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон лоиҳаҳои соҳаи энергетикаро амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Доираи васеи масоили марбут ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо сардори шуъбаи Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Мудирияти генералии Комиссияи Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ хонум Шарлотта Адриан дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин, раванди татбиқи лоиҳаҳои амалкунанда, ки ба ислоҳоти соҳаи энергетика равона шудааст ва дурнамои татбиқи лоиҳаҳои нави энергетикии «сабз»-ро муҳокима намуданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа аз сатҳи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити дуҷонибаро дар рушди соҳаи энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуд.
Дар идома мусоҳибон омодагии худро барои идомаи муколама ва тавсеаи ҳамкории мутақобиланд судманд таъкид намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






