Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 3 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронанд

Июль 25, 2025 19:10

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон кишоварзони шаҳри Панҷакент тасмим гирифтаанд, ки баъди ҷамъоварии ҳосили кишти асосӣ дар 3 ҳазору  137 гектар кишти такрорӣ гузаронанд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад,  то ин муддат дар 2 ҳазору 860 гектар картошка, шалғам, турб, сабзӣ, зироати хӯроки чорво ва дигар зироат кишт карда шудааст.

Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ дар 140 гектар баъди ҷамъоварии ғалла ва картошкаи барвақтӣ кишти такрорӣ мегузаронанд. Таҷрибаи деҳқонони варзида собит кардааст, ки дар иқлими инҷо сабзӣ, шалғам, ҷуворимакка, бодиринг, турб ва дигар зироати зудрас дар кишти такрорӣ ҳосили хуб медиҳад.

Дар боғҳои хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳот низ ҳосил фаровон буда, деҳқонон ҳоло ҷамъоварии меваҳои пешпазакро шуруъ намудаанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июль 25, 2025 19:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид