Маркази миллии тестӣ даври иловагии имтиҳонҳоро доир менамояд

Июль 5, 2025 10:22

ДУШАНБЕ, 05.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди ариза оид ба ин масъала то 9 июл муқаррар гардидааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази миллии тестӣ хабар медиҳад.

Хотиррасон мешавем, ки даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо 13 июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара ва Рашт баргузор мегардад. Вобаста ба ин, ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад.

Тибқи тартиби гузаронидани Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавонист ва хоҳиши иштирок кардан дорад, имкони иштирок дар даври дуюми имтиҳонро дорад.

Довталаб бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 5, 2025 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд