Музди маоши омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 10% зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 27.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар пайравӣ ба сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти беҳбуди шароити иҷтимоии ҳайати омӯзгорон ва кормандони муассиса тасмим гирифтааст, ки аз оғози соли нави таҳсил музди маоши кормандонро аз ҳисоби маблағҳои махсус ба андозаи 10% зиёд намояд. Дар ин хусус 25 июл зимни нишасти матбуотӣ ректори ин донишгоҳ Мунир Сафарзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Зимни нишаст иброз гардид, ки дар доираи тадбирҳои муҳими созандагӣ бахшида ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони бинои нави замонавии таълимӣ оғоз гардидааст. Ин иншооти пуриқтидор заминаи боэътимоди рушди таълимро барои наслҳои оянда фароҳам меорад.
«Бо назардошти эътибор додан ба ниёзҳои омӯзгорону донишҷӯён сохтмони бинои 10-ошёнаи хобгоҳ бо тарҳи муосир оғоз ёфтааст»,-гуфт ректори донишгоҳ.
Раёсати донишгоҳ дар ин давра толори лексионӣ дар факултетҳои молиявию иқтисодӣ, химия ва биология, инчунин бинои таълимии факултети география ва иқтисодиёти рақамиро ба системаи гармидиҳӣ пайваст намуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






