Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд

Июль 4, 2025 16:10

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/.  1-3 июли соли равон  дар шаҳри Работи Шоҳигарии Марокаш 23-юмин нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ (Islamic Financial Services Board – IFSB) баргузор шуд, ки дар он муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин чорабинии сатҳи баланд, ки бо мизбонии Бонки марказии Марокаш гузаронида шуд, намояндагони бонкҳои марказӣ, мақомоти танзимгар, муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро аз кишварҳои гуногун ба ҳам овард.

Ҳадафи асосии нишаст таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва рушди устувори молияи исломӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҳамоиш масъалаҳои калидӣ, ба монанди суботи низоми молиявии исломӣ, такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва тақвияти механизмҳои танзимиву назоратӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар доираи ҳамоиш муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои умумӣ ва нишастҳои мавзуии IFSB фаъолона иштирок карда, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои рушди молияи исломӣ, таҳкими низоми танзиму назорати бонкӣ, тақвияти бозори молиявӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баён намуд.

Ба иттилои манбаъ,  бо назардошти афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба молияи исломӣ ва иқдомҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми молиявии кишвар, иштироки Бонки миллии Тоҷикистон дар чунин ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Ин раванд имкон фароҳам меорад, ки таҷриба ва стандартҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон ҷорӣ гардида, заминаи ҳуқуқӣ ва инфрасохтории зарурӣ барои рушди хизматрасониҳои исломӣ ба вуҷуд оварда шавад.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 4, 2025 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.1464 то 11.0800 сомонӣ муқаррар шудааст
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид