Нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Июль 26, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 26.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Тавре дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов иброз дошт, нашри сеюми ин китоб аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Барои омода намудани китоб 63 олим ва мутахассисони намоёни соҳаи ботаника ва зоология ҷалб карда шуданд.

Дар нашри сеюми китоб намудҳои нодири набототу ҳайвонот аз рӯйи нақшаи ягона қаламдод карда шудаанд. Барои ҳар намуд маълумот оид ба мавқеи таснифотӣ, номҳои лотинӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ, мақоми ҳифз, паҳншавӣ, муҳити сукунат, хусусияти экологӣ, саршумор, омилҳои маҳдудкунанда, тадбирҳои ҳифз, харитаи паҳншавӣ ва аксҳои аслӣ оварда шудаанд.

Абдусаттор Саидов таъкид намуд, ки дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист ва ҳифзи гуногунии биологӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим сиёсати дурандешона ва мақсаднок амалӣ мегардад. Бо назардошти муҳимияти ҳифзи гуногунии биологӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1997 ба Конвенсияи гуногунии биологӣ дохил гардид ва уҳдадориҳои худро оид ба ҳифзи захираҳои биологии миллӣ расман эълон намуд. Тибқи талаботи ин Конвенсия, Стратегия ва Нақшаи миллии амал оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ тарҳрезӣ ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Китоби сурх ҳуҷҷати илмие аст, ки дар асоси он фаъолияти хоҷагии инсон оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои табиӣ ба танзим дароварда мешавад. Намудҳои наботот ва ҳайвоноте, ки ба ин китоб дохил карда шудаанд, ба ҳифз ва ғамхории ҳамаҷониба эҳтиёҷ доранд.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шабакаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда амал мекунад, ки дар ҳифзи гуногунии биологӣ нақши муҳим мебозад. Дар ҷумҳурӣ 3 мамнуъгоҳ, 1 ҳудуди биосферӣ, 2 Парки миллӣ ва 2 Парки табиӣ фаъолият менамоянд, ки дар минтақаҳои мухталифи табиӣ ҷойгир шуда, намудҳои асосии экосистемаҳои табииро фаро мегиранд. Масоҳати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қариб 23 фоизи масоҳати умумии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Дар ин ҳудудҳо 70 фоизи гуногунии биологии Тоҷикистон ҳифз карда мешавад»,-афзуд Абдусаттор Саидов.

Бояд гуфт, ки зарурати ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонотро ба эътибор гирифта, 1 марти соли 1979 бо қарори Шурои вазирони Тоҷикистон Китоби сурхи Тоҷикистон таъсис дода шуд. Нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон таҳти роҳбарии зоологи шинохта, доктори илмҳои биологӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ислом Абдусаломов бори нахуст соли 1988 ба забони русӣ ва соли 1997 ба забони тоҷикӣ ба чоп расонида шуд. Дар нашри якуми Китоби сурхи Тоҷикистон 162 намуди ҳайвонот ва 226 намуди растаниҳо, ки зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор доштанд, дохил гардида буданд. Нашри аввали Китоби сурхи Тоҷикистон қариб 30 соли охир дар ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологии Тоҷикистон нақши муҳим бозид. Тибқи маълумоти ин китоб барои ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот чораҳои муассир таҳия ва амалӣ карда шуданд. Соли 2015 нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ ба тасвиб расид, ки ба он 267 намуди наботот ва 222 намуди ҳайвоноти нодиру зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта дохил карда шуданд. Ин китоб соли 2017 бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор гардид».

«Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмии давлатиест, ки рӯйхати тафсиршудаи намудҳои набототу ҳайвоноти нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маълумоти ҷамъбастиро оид ба паҳншавӣ, ҳолати ҳозираи ин намудҳо, сабабҳои маҳдуд гардидани саршумор, чораҳои ҳифз ва барқароркунии онҳо дар бар мегирад. Намудҳои растаниҳо ва ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда дар саросари ҷумҳурӣ таҳти муҳофизати махсус қарор доранд.

Китоби сурх ҳуҷҷати рӯзмарра ва ҷорӣ буда, маълумоти дар он овардашуда вобаста ба тағйироте, ки дар сохтори ҷамоаи табиии набототу ҳайвонот ба амал меояд, ба такмил ва навгонӣ эҳтиёҷ дорад. Бо мурури замон таҳти таъсири омилҳои гуногун, аз ҷумла фаъолияти номатлуби инсон шароити зисти набототу ҳайвонот ба тағйирот гирифтор мегардад ва намудҳои зиёдтаре зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор мегиранд.

Тибқи талаботи Иттиҳоди байналхалқии ҳифзи табиат, маълумоти дар Китоби сурх оид ба намудҳои нодир интишоргардида бояд дар ҳар даҳ сол вобаста ба тағйироте, ки дар таркиби гуногунии биологии маҳал ба вуқӯъ мепайвандад, таҷдид карда шавад»,-гуфт Абдусаттор Саидов.

Ба Китоби сурх дохил ва хориҷ намудани ин ё он намуди набототу ҳайвонот дар асоси маълумоти аниқи илмӣ ҷараён мегирад. Солҳои охир дар муассисаҳои илмии самти биологияи ҷумҳурӣ оид ба гуногунии биологӣ ва ҳолати ҳозираи ҷамоаи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот маълумоти нави илмӣ гирд оварда шудааст, ки имконият медиҳад ба ҳолати ҳозираи онҳо аз нав баҳо гузошта шавад.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои марбут ба нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои 2022-2024 якчанд  вохӯриҳои корӣ ва мизҳои мудаввар доир карда шуданд. Дар онҳо бо иштироки ҳайати мураттибон, кормандони Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангали ҷумҳурӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор рӯйхати намудҳои набототу ҳайвоноте, ки ба нашри сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия карда шуданд ва маълумоти навин оид ба намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта гирдоварӣ  шуда, баррасӣ карда шуданд. Ҳангоми таҳияи Китоби сурх маълумоти илмие, ки давоми солҳои охир гирд оварда шудаанд ва ҳолати воқеии олами набототу ҳайвонотро арзёбӣ менамоянд, мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шуданд.

«Китоби сурх на танҳо асари илмӣ ва ҳуҷҷати расмӣ, балки даъват барои амал мебошад, ки ба ҳифзи олами ҳайвоноти нодири Тоҷикистон барои насли оянда нигаронида шудааст. Ин китоб ҳамчунин барои банақшагирӣ ва андешидани тадбирҳои фаврӣ барои ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта дастури амалӣ ба шумор меравад. Боварӣ дорем, ки нашри сеюми китоб дар таҳкими ҳифз ва афзун намудани саршумори ҳайвоноти нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад»,-таъкид дошт ҳамсуҳбати мо.

Ёдовар мешавем, ки ҷилди якуми китоб таҳти роҳбарии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Ҳикмат Ҳисориев омода карда шуда, дар он оид ба 304 намуди растаниҳои нодир маълумот оварда шудааст. Муҳаррири масъули ҷилди дуюми китоб узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ Абдусаттор Саидов буда, дар он оид ба 242 намуди ҳайвоноти нодири Тоҷикистон маълумот гирд оварда шудааст.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Июль 26, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПОМИРИНВЕСТ-2025». Барои рушди иқтисодӣ ва сармоягузории шаҳри Хоруғ 17 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар беш аз 3 ҳазор гектар кишти такрорӣ мегузаронанд
Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Палатаи миллии савдо ва саноати Муғулистон робитаҳои тиҷоратию иқтисодиро таҳким мебахшад
Лоиҳаи «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030» баррасӣ гардид
Кишоварзони Тоҷикистон дар беш аз 21 ҳазор гектар бо усули обёрии зери плёнка чигит кишт намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Иншооти энергетикии Тоҷикистон дар рушди соҳа нақши муассир мегузоранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 3 ҳазор гектар заминҳои нав ба гардиши кишоварзӣ ворид карда мешаванд
«FlyDubai» дар масири Дубай-Душанбе-Дубай ҳамарӯза парвозҳои ҳавоӣ анҷом медиҳад
Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро барои минтақа муҳим арзёбӣ намуд
Дар Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ «Помиринвест – 2025» доир гардид
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба 26 давлати ҷаҳон беш аз 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид