НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 4,7 миллиард долларро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаш моҳи якуми соли 2025 гардиши савдои хориҷӣ 4 миллиарду 731 миллиону 100 ҳазор долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 316 миллиону 800 ҳазор доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар ин давра ба хориҷи мамлакат ба маблағи зиёда аз 953,1 миллион доллар маҳсулоти ватанӣ содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 255,1 миллион доллар зиёд мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар маҷмуъ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷагропромэкспорт»-и Агентии содирот ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 60 ҳазору 600 тонна ба маблағи 77 миллиону 500 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатию кишоварзӣ содирот шудааст.
Инчунин дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои рушди соҳаи содирот то охири соли 2025 марказҳои дастгирии содирот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилояти Хатлон ба фаъолияти худ оғоз менамоянд.
Таъсиси ин марказҳо барои баланд бардоштани малакаи дониши содироткунандагон дар самти расмиёти ҳуҷҷатгузории содиротӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани тиҷорати содиротӣ мусоидат менамояд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






