НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз Тоҷикистон ба Абузабӣ, Шарҷа, Сеул ва Анталия парвозҳои ҳавоӣ амалӣ мегарданд

Июль 23, 2025 14:59

ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/.  Тоҷикистон ҷуғрофиёи парвозҳоро фарох гардонида, дар масири Душанбе-Абузабӣ ва Душанбе-Шарҷа, Хуҷанд-Шарҷа, Душанбе-Сеул, Душанбе-Деҳлии нав, Душанбе-Анталия, Душанбе-Анқара ва бо ширкатҳои ҳавоии Маҷористон парвозҳои ҳавоиро амалӣ мегардонад. Дар ин хусус директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дод.

Таъкид карда шуд, ки зери роҳбарӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи гражданӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардид. Ҳамзамон барои афзун намудани шумораи хатсайрҳои ҳавоӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонии авиатсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зимни нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки масъалаи ифтитоҳи хатсайри Душанбе-Шарҷа ва Душанбе-Абузабӣ чанде қабл дар мулоқоти Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳӣ, Раиси Мақомоти федеролии авиатсияи граждании Амороти Муттаҳидаи Араб Абдулло ибни Тавқ Ал-Маррӣ баррасӣ гардида буд.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Июль 23, 2025 14:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид