НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар даври якуми қабул ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор донишҷӯ дохил шуд

Июль 29, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳои даври якуми қабули довталабон дар соли 2025 нишон доданд, ки ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 3 ҳазору 235 донишҷӯ дохил шудаанд, ки нисбат ба хатми соли равон 5 маротиба зиёд аст. Чунин иброз намуд ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ зимни натиҷагирии фаъолияти донишгоҳ дар шашмоҳаи якуми соли 2025.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ин давра миқдори барномаҳои таҳсилотӣ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба 106 номгӯй расонида шуда, омӯзгорон аз ҳисоби кормандони муваффақи мақомоти идоракунӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо, меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳию хизматрасонӣ ва амсоли онҳо ҷалб гардид. Ҳамзамон беш аз 65 корманд аз истеҳсолот ба фаъолияти омӯзгорӣ фаро гирифта шуд.

Бо дахли раванди таҳсилот дар донишгоҳ Убайдулло Асрорзода гуфт, ки раванди таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо назардошти эҳтиёҷоти муосири иқтисоди мамлакат пайваста такмил дода шуда, нақша ва барномаҳои таҳсилотӣ пурра таҷдиди назар карда шуданд.

Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иброз намуд, ки бо мақсади таҳкими минбаъдаи сифати таҳсил ва истифодаи самараноки технологияҳои муосири омӯзиш беш аз 200 машғулият аз ҷониби гурӯҳи коршиносони соҳавӣ мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ машғулияти намунавии омӯзгорони пуртаҷриба ҳамчун таҷрибаи беҳтарин интихоб гардида, ба омӯзгорони ҷавон барои истифодаи васеъ ва такмили малакаҳои педагогӣ тавсияҳо дода шуданд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 29, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон низоми баҳогузории 10-хола чӣ натиҷа дод?
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон: «Низоми дувоздаҳсолаи таълим дар марҳилаи аввал ба таври пилотӣ амалӣ карда мешавад»
Хонандаи тоҷик «Ҷоми Раёсати Донишгоҳи славянии Русияю Тоҷикистон»-ро соҳиб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ нахустин маротиба ду Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои илмӣ таъсис ёфт
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази «Низоми байналмилалии арзёбии омӯзиши забони тоҷикӣ» таъсис меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рашт 27 омузгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 музди маоши кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 фоиз баланд бардошта мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ фаъолият менамоянд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 15 ихтисоси нав таъсис ёфт
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид