НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар самти зеҳни сунъӣ, инноватсия ва иқтисоди рақамӣ 14 ихтисоси нав таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 24.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (2025-2030) ва дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти зеҳни сунъӣ, инноватсия, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию барномасозӣ 14 ихтисоси нав таъсис дода шуд. Рӯйхати ин ихтисосҳо дар барномаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир гардидааст, ки имсол довталабон аз рӯйи он ба донишгоҳ қабул мегарданд. Дар ин хусус имрӯз ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Дар марҳалаи нави тараққиёти ҷумҳурӣ таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешрафтаи давлат мебошад. Аз ин рӯ ин ихтисосҳое, ки дар донишгоҳ ба роҳ монда шудаанд, тақозои замон буда, ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ мебошанд»,-иброз дошт Зоир Раҳмонзода.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро 476 нафар дар шуъбаи рӯзона хатм намуд ва 439 нафари онҳо соҳиби ҷойи кор гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 9,8 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин давра донишгоҳ бо 10 корхона шартномаи ҳамкорӣ баст, ки тибқи он донишҷӯён ва хатмкунандагони донишгоҳ ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ рафта, бо шуғл фаро гирифта мешаванд.
Танҳо дар як соли охир 33 ихтирои донишҷӯёну устодони донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро касб намуданд.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд






