НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Интиқоли 70 фоизи борҳо ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд
ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои зиёд кардани ҳаҷми содироти молу маҳсулот ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» то 80 фоиз сабукӣ пешниҳод намудааст. Ҳамчунин бо маъмурияти роҳҳои оҳани кишварҳо ҳамкории судманд ба роҳ монда, аз Узбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Русия ва дигар кишварҳо сабукиҳои назаррас барои боркашонӣ дастрас намудааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки саҳми нақлиёти роҳи оҳан дар интиқоли байналмилалии бор назаррас буда, интиқоли 70 фоизи борҳо дар ин давра ба нақлиёти роҳи оҳан рост меояд.
Таҳлили боркашонӣ нишон медиҳад, ки 90,3 фоиз ба интиқоли воридотӣ, 5,9 фоиз ба интиқоли содиротӣ ва 3,7 фоиз ба боркашонии маҳалӣ (дохилӣ) рост меояд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаҳои вагонтаъмиркунии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба маблағи 23,7 миллион сомонӣ 92 вагон аз таъмири асосӣ ва 194 вагон аз таъмири пойгоҳӣ бароварда шуда, ба маблағи 16,5 миллион сомонӣ хати роҳ таъмир карда шуд.
Дар ин давра биноҳои нави истгоҳҳои Регар ва Ваҳдат сохта шуданд. Ҳамзамон корҳои ободгардонӣ, васлкунии коммуникатсияҳо, пардоз ва муҷаҳҳазгардонии утоқҳои корӣ бо маводу таҷҳизоти замонавӣ анҷом ёфта, ба истифода супорида шуданд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






