НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Самти афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон қабули шаҳрвандони хориҷӣ аст

Июль 25, 2025 14:55

ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар соли таҳсили 2024-2025 Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон нақшаи қабули донишҷӯёнро 97,1% иҷро намуд, ки нисбат ба ду соли пеш зиёд аст. Дар ин хусус 24 июл зимни нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ Машраб Файзулло хабар дод.

«Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии донишгоҳ қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба шумор меравад. Дар солҳои 2024-2025 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон таҳсил менамоянд, 391 нафар аз 8 кишвари ҷаҳонро ташкил дод. Шумораи бештари донишҷӯён аз Русия (156), Узбекистон (115) ва Чин (106) мебошанд. Аз Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон ва Шветсия низ донишҷӯён таҳсил менамоянд», — иттилоъ дод ректори донишгоҳ ба хабарнигорон.

Дар соли хониши 2024-2025 қабули шаҳрвандони хориҷӣ ба тамоми шаклҳои таҳсил ва тамоми зинаҳои таҳсилот 123 нафарро аз 8 кишвари ҷаҳон ташкил дод. Аз ин шумора 62 нафар бакалавр, 19 нафар магистр, 1 нафар аспирант ва 41 нафар шунаванда мебошанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 25, 2025 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд