Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон баргузор мегардад

Июль 22, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 24 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Муғулистон доир мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ин ҳамоиши муҳими иқтисодӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он таҳкими ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятнок мебошад.

Дар ҷараёни ҳамоиш имконоти сармоягузории ду давлат  тавассути видеороликҳо муаррифӣ мегардад. Қисмати муҳими форум ба баргузории вохӯриҳои мустақими соҳибкорон (B2B) бахшида мешавад.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 22, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад