Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» соли 2025 парвозҳои маҳаллиро тақвият дод
ДУШАНБЕ, 23.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр соли 2025 ҷуғрофиёи парвозҳои маҳаллиро тақвият дода, дар масири Душанбе-Кӯлоб, Душанбе-Панҷакент, Душанбе-Рашт, Душанбе-Ховалинг ва Душанбе-Ванҷ парвозҳои ҳавоиро фаъол гардонид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон директори ширкати ҳавопаймоии «ТоҷикЭйр» Парвиз Шодмонзода хабар дод.
Иброз гардид, ки дар ин давра 90 парвози ҷуфт иҷро гардид. Интиқоли мусофирон дар ҳамаи хатсайрҳо дар шаш моҳи соли равон тавассути хатсайрҳои дохилӣ 2763 мусофирро ташкил дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ширкат барои ба тариқи лизинг иҷора гирифтани 2 ҳавопаймо ва инчунин ҷалби маблағҳои грантӣ корҳоро ба роҳ мемонад.
Таъкид шуд, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи пешомада ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта барои аз ҳолати буҳронӣ раҳо кардану фароҳам овардани заминаи рушди минбаъдаи ҷамъият тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд






