Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва сардори Раёсати генералии ҳамкории байналмилалӣ бо Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии Комиссияи Аврупо Шарлотта Адриан дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Зимни суҳбат ҷонибҳо барои таҳкими муносибатҳои мутақобили судманд изҳори омодагӣ карданд. Ба ҷалби сармоягузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятноки саноат, аз ҷумла мошинсозӣ, истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ ва хӯрокворӣ, дорусозӣ, инчунин саноати кӯҳӣ, аз ҷумла истихроҷ ва коркарди ашёи хоми муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ин соҳаҳо дар доираи ташаббуси «Global Gateway»-и Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуданд.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд






