Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар мулоқоти маҷозии ҳайати Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Созмони ҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (WIPO) масъалаҳои марбут ба таҳкими ҳамкории дуҷониба баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот бо мусоидати Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева гузаронида шуд.
Ҷонибҳо инчунин масоли вобаста ба мубодилаи таҷриба дар соҳаи рушди инноватсия ва механизмҳои мусоидат ба пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти такмили иқтидори миллии инноватсиониро баррасӣ намуданд.
Ҳамзамон дар мулоқоти маҷозӣ нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои асосии Шохиси ҷаҳонии инноватсия (Global Innovation Index – GII) мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифта, роҳҳои беҳтарсозии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин раддабандӣ баррасӣ шуданд.
Чонибҳо барои идомаи ҳамкорӣ ва татбиқи муштараки ташаббусҳои марбут ба рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва рақамӣ изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






