Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид

Август 2, 2025 16:30

ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд. 

Дар ҷаласа иброз гардид, ки бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик аз 15 то 20 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор мегардад. «Тоҷи Сомон» номгузорӣ шудани Синамоҷашнвора омилу ҷанбаҳои худро дорад. Масалан, «Тоҷ»-тоҷдор, тоҷвар, соҳибтоҷу соҳибдавлат будани миллати куҳанбунёди тоҷикро ифода кунад, «Сомон»-номи сулолаи аввалин давлати миллии тоҷикон дар асрҳои IX-X ва империяи бузурги давлати Сомониёнро маънидод менамояд.

Синамоҷашнвора ҳамчун рӯйдоди байналмилалии синамоӣ барои манзури ҳаводорони синамо намудани филмҳои ватанию хориҷӣ, дастгирии ҷавонони эҷодкор, таваҷҷуҳ ба арзишҳои миллӣ, табодули таҷриба, таҳияи лоиҳаҳои муштарак, муаррифии  маконҳои сайёҳӣ ва тарғиби дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, махсусан, рушду шукуфоии босуръати гаҳвораи  фарҳангу  тамаддуни  тоҷикон, шаҳри   гулҳо — Душанбе   баргузор мегардад.

Дар доираи синамоҷашнвора барномаҳои корӣ, аз ҷумла, ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳо, питчинг-рӯнамоии лоиҳаҳои синамоӣ (филмҳои тасвирӣ, ҳунарӣ ва мустанад), Синамофоруми байналмилалӣ бахшида ба 60-солагии коргардони маъруфи тоҷик Бахтиёр Худойназаров дар мавзуи «Садои шарқ дар синамои ҷаҳон: Мероси Бахтиёр Худойназаров», нишастҳои матбуотӣ,  рӯзҳои кинои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар Тоҷикистон, дарси «Устод ва шогирд» доир мегарданд.

Доир ба натиҷагирии ҷараёни омодагӣ ва баргузории чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», муовини раиси Кумитаи тадорукот  Маҳмадсаид Шоҳиён маълумоти муфассалдода, рафти омодагиҳоро ба таври аёнӣ (слайд-шоу) муаррифӣ намуд.

Хотирнишон гардид, ки бо қарори ҳайати мушовара ва Шурои бадеӣ Низомнома ва Тартиби баргузории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» таҳия ва тасдиқ гардидааст.

Мутобиқи Низомнома ва Тартиб дар синамоҷашнвора филмҳои ҳунарии пурра, кӯтоҳи бадеӣ, ки давоми солҳои 2023-2025 офарида шудаанд, иштирок карда метавонанд. Филмҳоро тибқи Тартиб Комиссияи интихоб барои синамоҷашнвора қабул ва пешниҳод менамояд.

Маъмурияти синамоҷашнвора барои ҳакамӣ  ва муайян намудани беҳтарин филмҳо ҳакамони байналмилалии синамоҷашнвораро иборат аз ду гурӯҳ: ҳакамии филмҳои ҳунарии пурра ва  кӯтоҳ дар ҳайати муътабартарин филмсозон, мунаққидон, пажӯҳишгарони фарҳанги  синамоӣ ва намояндагони санъати синамо таъсис медиҳад. Ба гурӯҳи ҳакамони филмҳои ҳунарии пурра 5 нафар ва филмҳои кӯтоҳ 3 нафар  ҷалб карда мешаванд.

Хусусияти муҳими Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» дар таъсиси ду ҷоизаи нав – «Синамо бе марз» ва ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мегардад. Ин ҷоизаҳо барои саҳми муносиб дар рушду тавсеаи дӯстӣ, ҳамкории синамогарон, паёми сулҳ ва фарҳанги таҳаммулпазирӣ таъсис ёфта, сиёсати муваффақи давлату Ҳукумати ҷумҳуриро таҷассум менамоянд.

Ҳамзамон бартарияти синамоҷашнвораи навбатӣ аз чорабинии қаблӣ дар он зоҳир мегардад, ки теъдоди мамлакатҳои иштирокдор афзун гардидааст. Дар Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»  намояндагони 16 давлати  ҷаҳон иштирок намуда буданд. Дар чорабинии навбатӣ теъдоди онҳо ба 20 кишвар расонида шуд. Инчунин шумораи номинатсияҳо ва ҷоизаҳои Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» ба 12 адад расид, ки нисбат ба  чорабинии қаблӣ се адад зиёд мебошад.

Дар ҷаласаи Кумитаи тадорукот иҷрои бандҳои нақшаи чорабиниҳо баррасӣ гардида, доир ба тақвияти корҳои омодагию ташкилӣ қарори дахлдор қабул карда шуд.

Бояд гуфт, ки Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон»  таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон»  дар ду сол як маротиба  ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Август 2, 2025 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«АНДАЛЕБ-2025». Дар Панҷакент даври шаҳрии фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионӣ доир шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши тарғибгарони илм дар Чин иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон бо ҷоизаи байналмилалии «BRICS AND SCO» сарфароз гардонида шуд
Мутахассисони Тоҷикистону Чин дар кӯҳҳои Помир корҳои илмӣ гузарониданд
Дар Душанбе рӯнамоии таҳқиқоти академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид
ҲЕҶ МИЛЛАТИ ДУНЁ БА МИСЛИ «ШОҲНОМА» АСАР НАДОРАД. Беш аз 9900 хонавода дар Нуробод соҳиби туҳфаи Пешвои миллат гардиданд
Шаҳри Панҷакент бо номинатсияи сӯзанӣ ба узвияти Шурои байналмилалии ҳунармандӣ пазируфта мешавад
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ ба сокинони ноҳияи Лахш тақдим гардид
Дар пойгоҳи сейсмикии ноҳияи Лахш таҷҳизоти нав насб карда шуд
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» имрӯз дар Рашт ҷамъбаст мегардад
«АНДАЛЕБ-2025». Ҳунармандони Ҳисор дар даври минтақавии фестивал-озмун соҳиби холи баланд гардиданд
«ҲОМИИ ИСТИҚЛОЛЕМ». Бо иштироки муҳофизони Ватан дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиш доир шуд