Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 02.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 август дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» наворбардории филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар медиҳад, дар расми ифтитоҳи наворбардорӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Агентии кинематаграфияи Узбекистон, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва ҳайати филмофарону ҳунармандон иштирок намуданд.
Иброз гардид, ки ин филми муштарак барои таҳкими дӯстиву бародарии ду давлату миллати дӯсту ҳамсоя хизмат хоҳад намуд.
Ҳоло 40 ҳунарманди Узбекистон барои иштирок дар сабти филм дар Тоҷикистон қарор доранд. Наворбардорӣ дар павилонҳои студияи «Тоҷикфилм» ва ҳамчунин дар маконҳои таърихии ҷумҳурӣ аз ҷумла қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор, Хуҷанд ва дигар ёдгориҳои миллӣ анҷом дода мешаванд.
То имрӯз барои сабти филм 1500 нусха китоб ҷамъоварӣ ва омода карда шудааст. Ҳамчунин 1650 ашёи гуногун, аз қабили шамъдонҳо, гарданбандҳо, мизонҳо, кӯзаҳо ва дигар лавозимоти таърихӣ таҳия шудаанд.
Барои қаҳрамонони филм 750 либос, 400 ҷома, 300 тоқӣ ва 350 ҷуфт пойафзол омода гардидааст.
Марҳалаи аввали наворбардорӣ моҳҳои август ва сентябр дар Тоҷикистон ва марҳалаи дуюм моҳҳои октябр ва ноябр дар Узбекистон доир мегардад.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи ин филми муштарак соли 2021 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Ба таҳияи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду мамлакат ҷалб шудааст. Онҳо дар якчанд мулоқот дар Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуда, нақшаи сабти филмро баррасӣ намуданд. Дар доираи омодагиҳо аксу наворҳо аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Эрон омода карда шудаанд.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»








Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад






