Дар Агентии авиатсияи гражданӣ гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пурра ба роҳ монда шуд

Август 21, 2025 18:40

ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода татбиқи Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (edo.innovation.tj) баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд.

Таъкид гардид, ки ки дар Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ пурра ба роҳ монда шуд.

Ин низом бо мақсади таҳкими ҳукумати электронӣ ва баланд бардоштани сатҳи идоракунии муосир татбиқ гардида, дастрасии сертификатҳо ва иҷозатномаҳоро ба корхонаҳои авиатсионӣ, мутахассисони соҳа ва таҷҳизоти авиатсионӣ автоматӣ месозад.

Масъулони Агентӣ вазифадор гардиданд, ки омӯзиши дурусти истифода ва риояи талаботи низоми электрониро пурра таъмин намоянд.

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 21, 2025 18:40

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд