Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 07.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаӣ бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ва директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ҳастаии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Илҳом Мирсаидзода Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ хабар дорданд.
Озмоишгоҳи нав бо барномаи муосири компютерӣ муҷаҳҳаз буда, барои таҳияи харитаҳои дақиқи радиатсионӣ бо истифода аз маълумоти аксбардории гамма, ченкунии қувваи доз ва координатаҳои GPS таҳия шудааст. Ин харитаҳо имкон медиҳанд, ки назорати муфассали вазъи радиатсионӣ амалӣ гардад, амнияти аҳолӣ ва муҳити зист таъмин шавад ва ба таҳдидҳои эҳтимолии радиатсионӣ сари вақт посух дода шавад.
«Ифтитоҳи озмоишгоҳ қадами муҳими таҳкими низоми амнияти радиатсионии миллӣ мебошад. Технология ва таҳқиқоти илмии мо ба баланд бардоштани дақиқӣ ва самаранокии мониторинги вазъи радиатсионӣ мусоидат менамояд»,-изҳор дошт Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Озмоишгоҳ ба пайванди калидӣ дар низоми амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ табдил ёфта, ба татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи радиатсионӣ ва амнияти экологӣ мусоидат мекунад. Директори Агентӣ гуфт, ки истифодаи усулҳои муосири таҳлили додаҳо ва технологияи геоиттилоотӣ имкон медиҳад, ки сифати пешгӯиҳо беҳтар ва хатарҳо коҳиш дода шаванд. Дар асоси ин озмоишгоҳ таҳияи Атласи харитаҳои радиатсионии ҳудудҳои Тоҷикистон дар назар аст.
Ҳамчунин бо иштироки меҳмонон намоиши кори барнома ва намунаи харитаҳои радиатсионӣ анҷом ёфт, ки барои таҳлил ва банақшагирии чораҳои амниятӣ истифода мешавад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






