Дар Бадахшон 25 муассисаи томактабӣ ба истифода дода мешавад
ДУШАНБЕ, 18.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон беш аз 25 муассисаи томактабӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Дар ин хусус 16 август зимни ҷаласаи кормандони соҳаи маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар вилоят 26 бинои нави муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ барои зиёда аз 1700 кӯдак мавриди истифода қарор гирифт.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки зинаи таҳсилоти томактабӣ барои ташаккули қобилияти зеҳнии кӯдакон марҳилаи хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Тоҷикистон ба бунёди муассисаҳои томактабӣ эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Ҳамчунин дар ҷараёни ҷаласа доир ба рушди инфрасохтори таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва омодагӣ ба соли нави таҳсил мубодилаи афкор карда шуд.
Дар айни замон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 313 муассисаи таҳсилоти мумӣ фаъолият менамояд. Инҳо 202 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 мактаби президентӣ, 1 литсей ва 1 Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ, 42 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ мебошанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд






