Дар Балҷувон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрии судманд доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон бо сокинон дар мавзуи «Сулҳу субот – омили рушди устувори соҳаи сайёҳӣ» вохӯрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон.
Таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо омили муҳими баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ буда, ба таҳкими ваҳдати миллӣ мусоидат менамоянд. Сулҳу суботи пойдор ба рушди соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус сайёҳӣ мусоидат намуда, шароити мусоиди кору зиндагиро барои мардум таъмин месозад.
Иштирокдорони вохӯрӣ ҳамзамон оид ба нақши Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу ваҳдат ва таъсири он ба рушди соҳаҳои ҳаётан муҳим изҳори назар намуданд. Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо шарофати сиёсати Пешвои миллат Тоҷикистон имрӯз ба давлати амн ва ором табдил ёфтааст, ки ин сабаби ҷалби сайёҳони хориҷӣ гардидааст. Тарғиби мероси фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ дар рушди сайёҳии устувор аҳамияти калидӣ дорад.
Ҳамзамон бо дахли имконияти сайёҳии ноҳияи Балҷувон ва нақши сулҳу субот дар рушди соҳа гуфта шуд, ки Балҷувон бо табиати нотакрор, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумӣ метавонад ба яке аз самтҳои муҳими сайёҳии мамлакат табдил ёбад. Инчунин ташкили инфрасохтори зарурӣ, ҷалби сармоягузорон ва истифодаи оқилонаи имконоти мавҷуда таъкид гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи ҳифзи муҳити зист ҳамчун шарти муҳим барои рушди устувори сайёҳӣ баррасӣ гардида, таъкид карда шуд, ки табиат ҳифз ва манобеи он оқилона истифода бурда шаванд. Сулҳу суботи пойдор имконият фароҳам меорад, ки корҳои ободонӣ ва ҳифзи муҳити зист дар сатҳи баланд амалӣ гарданд. Дар маҷмуъ, сулҳ ва ваҳдати миллӣ на танҳо арзиши сиёсию иҷтимоӣ, балки заминаи пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла сайёҳӣ ба шумор меравад.
Аз ҷониби Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба Китобхонаи марказии ноҳияи Балҷувон ҷилди китобҳои «Ваҳдат, Давлат, Президент» тақдим гардид.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон










ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






