Дар Чин масъалаи вазъи заминҳои шӯр ва ишқордор баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 27.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар Ҷумҳурии Мардуми Чин дар чаҳорчӯби «Чин – Осиёи Марказӣ» конфронси байналмилалии илмӣ оид ба навовариҳои илмию техникӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои шӯр ва ишқордор доир гардид.
Ҳадафи конфронс таҳкими мубодилаи илмӣ байни Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи мелиоратсияи заминҳои шӯр ва ишқордор мебошад.
Дар ҷараёни конфронс ҳамкории олимон барои асоснок ва самаранок истифода бурдани захираҳои хок, беҳтар намудани муҳити экологии минтақавӣ ва рушди устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ ва суботи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 дар назди Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Мардумии Чин Маркази Осиёи Марказӣ оид ба таҳқиқоти кишоварзӣ таъсис шуда буд. Дар доираи ин ҳамкорӣ олимони ҷавони тоҷик дар самтҳои мухталифи кишоварзӣ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардиданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад






