Дар Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир мегардад

Август 17, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 17.08.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14-16 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест-2025» доир мегардад, ки ҳадафи он муаррифии имконоти сармоягузории «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Форум ба ҷалби таваҷҷуҳи ширкатҳои сармоягузории бонуфузи хориҷӣ, созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва доираҳои соҳибкорие, ки барои ворид шудан ба бозори Тоҷикистон ҳавасманданд, равона гардидааст.

Баргузории чунин форуми сатҳи баланд дар ҷумҳурӣ ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, муаррифии имконияти сармоягузории мамлакат, таҳким бахшидани муносибатҳои мутақобили судманди иқтисодӣ бо кишварҳои минтақаю ҷаҳон ва боло бурдани нуфузи сармоягузории Тоҷикистон мусоидат менамояд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 17, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Душанбе раванди татбиқи барномаи нави «Аз пиряхҳо то хоҷагидорон» баррасӣ гардид
Созишномаи иловагӣ оид ба сохтмон ва истифодаи корхонаи истеҳсоли техникаи маишии «Artel Avesto Electronics» ба имзо расид
Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд