Дар Душанбе рӯнамоии таҳқиқоти академик Муҳаммад Осимӣ баргузор гардид

Август 22, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 22.08.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабии «Хирад»- и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он таҳқиқоти «Академик Муҳаммад Осимӣ: бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳо хабар доданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки дар таҳқиқоти дастҷамъонаи тозанашр гурӯҳи олимони саршиноси тоҷик, Амрико, Фаронса, Испания, Ҳиндустон, Узбекистон иштирок намудаанд. Дар ин мақолаҳо масоили камомӯхташудаю мубрами назариявию консептуалии бунёд ва пешрафти донишномависии илмӣ дар Тоҷикистон аз дирӯз то имрӯз, саҳми донишманди барҷаста, яке аз ташкилдиҳандагон, сарвари илми бунёдии тоҷик академик Муҳаммад Осимӣ, ки сарварии Академияи илмҳои Тоҷикистонро зиёда аз ду даҳсола ба зимма дошт, ба риштаи таҳқиқ омадааст.

Таъкид гардид, ки муҳаққиқон дар навиштаҳояшон паҳлуҳои муҳимми фаъолияти пурбори илмию давлатӣ ва ҷамъиятии ин симои камназирро бар пояи санадҳои тоза ба қалам овардаанд. Аз ҷумла, саҳми устоди зиндаёд академик Муҳаммад Осимӣ дар бунёд ва пешрафти донишноманависии илмӣ дар Тоҷикистон, пешрафт, ҳалли масоили ташкил, ҷалби неруҳои илмӣ, таҳияи фонди илмӣ барои таҳия, ташкили сафарҳои омӯзишии кормандон ба кишварҳо, марказҳои илмӣ-энсиклопедӣ барои андӯхтани дониш, таҷрибаи энсиклопедиясозӣ, тартиб додани луғатномаҳои соҳавии энсиклопедӣ, таҳияи энсиклопедияи ихтисосӣ доир ба ҷашнҳои 50-60 солагии таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, нашри босифати он, заминаи устувори илмию ташкилии энсиклопедияҳои соҳавӣ ва корҳои камназири ташкилии илмии академӣ саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар идомаи маҳфил олимону муҳақиқон саҳми ин донишманди тоҷикро дар рушди илми мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, доир ба фаъолияти самарабахши ӯ маъруза намуданд. Дар ин асари дастҷамъона мавзуоти мубрами таърихию назарии фарҳанги донишноманависии илмии тоҷик ва хизмати шоистаи академик Муҳаммад Осимӣ дар омӯзишу густариши он аз дидгоҳи нав баррасӣ гардидааст.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 22, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор мешавад
Чеварони хушсалиқаи шаҳри Кӯлоб барои Осорхонаи миллӣ калонтарин гулдӯзии мунаққашро омода намуданд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ СУЛҲУ НАКУКОРӢ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз иқдоми наврӯзӣ дар «Боғи ба номи Алишери Навоӣ»
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд